Дар партави сиёсати хирадмандона ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни муқаддаси 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар доираи амалисозии ташаббусҳои «Соли 2026 — Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ», бо ташаббуси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Шоҳмансур дар ҳудуди ноҳия аксияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Парчам — рамзи Истиқлолият» бо иштироки фаъолонаи ҷавонон, волонтёрон ва сокинон баргузор гардида истодааст.
Ҳадафи асосии аксияи мазкур арҷгузорӣ ба Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун яке аз муқаддасоти миллӣ ва рамзи соҳибистиқлолии давлат, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи эҳтиром ба арзишҳои давлатдорӣ мебошад.
Дар доираи аксия дар кӯчаву хиёбонҳо, маҳаллаҳо, ташкилоту муассисаҳо, иншооти иҷтимоӣ ва дигар ҷойҳои ҷамъиятии ҳудуди ноҳияи Шоҳмансур Парчамҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон насб гардида, фазои идона ва эҳсоси баланди ифтихори миллӣ миёни сокинон бештар тақвият дода мешавад.
Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Шоҳмансур чунин иқдомҳои ватандӯстонаву маърифатиро то таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дода, онҳоро дар тамоми маҳаллаҳо ва ташкилоту муассисаҳои ноҳия густариш хоҳад дод.
Зеро эҳтиром ба Парчами давлатӣ эҳтиром ба давлату миллат, таъриху фарҳанг ва арзишҳои муқаддаси миллӣ буда, ҳар як шаҳрванди ватандӯст вазифадор аст барои таҳкими ваҳдати миллӣ, ҳифзи дастовардҳои Истиқлолият ва ободии Тоҷикистони азиз саҳми арзандаи худро гузорад.