Бо мақсади арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ ва баланд бардоштани эҳсоси ифтихори миллӣ миёни ҷавонону сокинон, бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳаллаҳои ноҳияи Шоҳмансур аксияи ватандӯстона таҳти унвони «Парчамат бодо парафшон, Тоҷикистони азизам!» баргузор гардид. Дар доираи аксияи мазкур бо иштироки сокинон дар кӯчаву маҳаллаҳо Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон насб карда шуда, фазои идона ва эҳтиром ба рамзи муқаддаси давлатдорӣ боз ҳам густариш ёфт.
Мақсади асосии иқдоми мазкур баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳии миллӣ, тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва эҳтиром ба муқаддасоти давлатӣ мебошад. Зеро Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи соҳибихтиёрӣ, ваҳдати миллӣ ва сарбаландии миллати тоҷик ҳар як шаҳрвандро ба дӯст доштани Ватан, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва саҳмгузорӣ дар ободиву пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳидоят менамояд.