15px

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Суханрониҳо
    • Сафарҳои дохилӣ
    • Сафарҳои хориҷӣ
    • Фармонҳо
    • Паёмҳо
    • Барқияҳо
    • Суҳбатҳои телефонӣ
    • Аксҳо
  • Маъмурият
    • Раис
    • Муовинони Раис
    • Дастгохи раис
  • Тақсимоти маъмурӣ
    • Шиносномаи ноҳия
    • Соҳаи комуналӣ
    • Соҳаи иқтисодӣ
    • Соҳаи иҷтимоӣ
    • Соҳаи дин
    • Маориф
    • Тандрустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон ва варзиш
    • Кор бо занон
    • Меъморӣ ва шаҳрсозӣ
    • Ҳунарҳои мардумӣ
  • Аз паём то паём
  • Стратегия
  • Душанбе — пойтахт
  • Нақшаи кулл
  • Нома ба Раис
  • Эълонҳо
  • Тамос
  1. Асоси

ҶАЛАСАИ КОРИИ НАЗДИ МУОВИН РАИСИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУР

 

 

06/01/2026

Имрӯз дар маҷлисгоҳи хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо роҳбарии муовини Раиси ноҳияи Шоҳмансур муҳтарам Шарофиддин Сафарбекзода ҷаласаи корӣ бо сардорони Муассисаҳои истифодабарии манзилии ноҳия баргузор гардид.

Муовини Раиси ноҳия муҳтарам Шарофиддин Сафарбекзода оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Раиси ноҳияи Шоҳмансур муҳтарам Сафар Маҳмадшо ва иҷрои саривақтии вазифаҳои дар наздашон гузошташуда, аз ҷумла таъмини ҳолати техникии биноҳо ва иншоот, назорати ҷиддии таъмири ҷорӣ ва капиталӣ, пешгирии фарсудашавӣ ва вайроншавии манзилҳо, назорат аз болои таъмини коммуналӣ, манзилӣ, муҳандисӣ ва ободонӣ, сари вақт қабули муроҷиат ва баррасии пешниҳодҳои сокинон, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ, ҳалли баҳсҳо вобаста ба истифодаи манзил ва дигар масъалаҳои ҷойдошта супоришҳои мушаххас дода шуд.

Ҳамзамон, зикр гардид, ки ҷиҳати дар сатҳи баланд истиқбол гирифтан аз ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон моро зарур аст, ки дар ҳудуди ноҳия ба корҳои ободкориву созандагӣ вусъат бахшида, дар сатҳи баланд ба анҷом расонем.