15px

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Суханрониҳо
    • Сафарҳои дохилӣ
    • Сафарҳои хориҷӣ
    • Фармонҳо
    • Паёмҳо
    • Барқияҳо
    • Суҳбатҳои телефонӣ
    • Аксҳо
  • Маъмурият
    • Раис
    • Муовинони Раис
    • Дастгохи раис
  • Тақсимоти маъмурӣ
    • Шиносномаи ноҳия
    • Соҳаи комуналӣ
    • Соҳаи иқтисодӣ
    • Соҳаи иҷтимоӣ
    • Соҳаи дин
    • Маориф
    • Тандрустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон ва варзиш
    • Кор бо занон
    • Меъморӣ ва шаҳрсозӣ
    • Ҳунарҳои мардумӣ
  • Аз паём то паём
  • Стратегия
  • Душанбе — пойтахт
  • Нақшаи кулл
  • Нома ба Раис
  • Эълонҳо
  • Тамос
  1. Асоси

ҶАЛАСАИ НАЗОРАТИИ НАЗДИ РАИСИ НОҲИЯ БАРГУЗОР ГАРДИД

16/02/2026 Баҳри амалисозии иқдомҳои ободониву созандагӣ дар партави сиёсати хирадмандонаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ имрӯз дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси ноҳия Сафар Маҳмадшо ҷаласаи навбатии назоратии назди Раиси ноҳия баргузор гардид. Дар кори ҷаласа муовини якум, муовинон, роҳбари дастгоҳ, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи Раиси ноҳия ва дигар масъулони соҳа иштирок доштанд. Раиси ноҳия муҳтарам Сафар Маҳмадшо зимни суханронӣ иброз намуданд, ки ҷиҳати дар сатҳи баланд истиқбол гирифтан аз ҷашни муқаддаси миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми сохторҳои дахлдор вазифадор карда мешаванд, ки корҳои ободкориву созандагиро боз ҳам вусъат бахшанд. Ҳамзамон гуфта шуд, ки бо эълон гардидани соли 2026 “Соли ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” ҳар яки моро зарур аст, ки дар корҳои ободонии маҳаллаҳо ва минтақаҳо фаъолона иштирок намуда, бо ҳисси баланди масъулият дар рушду пешрафти ҳамаҷонибаи ноҳия саҳми арзанда дошта бошем. Дар идомаи ҷаласа Раиси ноҳия ба масъалаҳои мубрами рӯз, аз ҷумла интизоми қатъии меҳнат, баррасии саривақтии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, дар самти маориф корҳои фаҳмондадиҳиро саривақт ба роҳ монда, сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таъсилоти умумӣ баланд бардоштан, дуруст ба роҳ мондани аксияҳои тозагӣ, инчунин то ҷашни байналмилалии Наврӯз тозаву озода намудани кӯчаву маҳаллаҳо, баланд бардоштани маърифати шаҳрнишинии сокинон, дур шудан аз тақлид аз фарҳанги бегона ва дигар масъалаҳои ҷорӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд. Инчунин дигар масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд. Дар поёни кори ҷаласа Раиси ноҳияи Шоҳмансур Сафар Маҳмадшо барои хизматҳои шоён аз ҷониби Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Медали 80-солагии Ҷанги Бузурги Ватанӣ сарфароз гардонида шуданд. Ҳамзамон, дар нозироти андози ноҳия тағйроти кадрӣ ба амал оварда шуда, ба мансаби сардори нозироти андоз дар ноҳия Ҳакимзода Дилшод Ҳабиб таъин гардид.