15px

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Суханрониҳо
    • Сафарҳои дохилӣ
    • Сафарҳои хориҷӣ
    • Фармонҳо
    • Паёмҳо
    • Барқияҳо
    • Суҳбатҳои телефонӣ
    • Аксҳо
  • Маъмурият
    • Раис
    • Муовинони Раис
    • Дастгохи раис
  • Тақсимоти маъмурӣ
    • Шиносномаи ноҳия
    • Соҳаи комуналӣ
    • Соҳаи иқтисодӣ
    • Соҳаи иҷтимоӣ
    • Соҳаи дин
    • Маориф
    • Тандрустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон ва варзиш
    • Кор бо занон
    • Меъморӣ ва шаҳрсозӣ
    • Ҳунарҳои мардумӣ
  • Аз паём то паём
  • Стратегия
  • Душанбе — пойтахт
  • Нақшаи кулл
  • Нома ба Раис
  • Эълонҳо
  • Тамос
  1. Асоси

ҶАЛАСАИ НАЗОРАТИИ НАЗДИ РАИСИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУР



12/01/2026

Баҳри амалисозии ҳамаи иқдомҳои ободониву созандагӣ дар партави сиёсати хирадмандонаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ имрӯз дар маҷлисгоҳи хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси ноҳияи Шоҳмансур муҳтарам Сафар Маҳмадшо ҷаласаи навбатии назоратии назди Раиси ноҳия баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа муовини якум, муовинон, роҳбари дастгоҳ, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи Раиси ноҳия ва дигар масъулони соҳа иштирок доштанд.

Раиси ноҳия муҳтарам Сафар Маҳмадшо зимни суханроӣ таъкид доштанд, ки ҷиҳати дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни муқаддаси миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми сохторҳои дахлдор вазифадор карда мешаванд, то корҳои ободкориву созандагиро боз ҳам вусъат бахшанд. Ҳамзамон, гуфта шуд, ки бо эълон гардидани соли 2026 “Соли ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” ҳар яки моро зарур аст, дар корҳои ободонии маҳаллаҳо ва минтақаҳо фаъолона иштирок намуда, бо ҳисси баланди масъулият дар рушду пешрафти ҳамаҷонибаи ноҳия саҳми арзанда дошта бошем.

Дар идомаи ҷаласа Раиси ноҳия ба масъалаҳои мубрами рӯз, аз ҷумла интизоми қатъии меҳнат, баррасии саривақтии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин тозаву озода нигоҳ доштани кӯчаву маҳаллаҳо ва баланд бардоштани маърифати шаҳрнишинии сокинон, дур шудан аз тақлид ба фарҳанги бегона, дар самти маориф корҳои фаҳмондадиҳиро саривақт ва дуруст ба роҳ монда таваҷҷуҳи хосса зоҳир карданд.