05/01/2026
Имрӯз дар маҷлисгоҳи хурди
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе таҳти
раёсати Раиси ноҳияи Шоҳмансур муҳтарам Сафар Маҳмадшо ҷаласаи навбатии назоратии
назди Раиси ноҳия баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа
муовини якум, муовинон, роҳбари дастгоҳ, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, мудирони
шуъбаву бахшҳои дастгоҳи Раиси ноҳия ва дигар масъулони соҳа иштирок доштанд.
Раиси ноҳия муҳтарам Сафар
Маҳмадшо зимни суханроии худ таъкид доштанд, ки ҷиҳати дар сатҳи баланд истиқбол
гирифтани ҷашни муқаддаси миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
тамоми сохторҳои дахлдор вазифадор карда мешаванд, то корҳои ободкориву
созандагиро боз ҳам вусъат бахшанд. Ҳамзамон, гуфта шуд, ки амалисозии ҳамаи ин
корҳо дар партави сиёсати хирадмандонаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати
миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
сурат гирифта, сифатнок иҷро гардидани онҳо басо муҳим арзёбӣ мегардад.
Раиси ноҳия масъулинро
вазифадор намуданд, ки дар корҳои ободонии маҳаллаҳо ва минтақаҳо фаъолона
иштирок намуда, бо ҳисси баланди масъулият дар рушду пешрафти ҳамаҷонибаи ноҳия
саҳми арзандаи худро гузоранд.
Дар идомаи ҷаласа
Раиси ноҳия ба масъалаҳои мубрами рӯз, аз ҷумла ҷамъбасти ҳисоботи солона, баррасии
саривақтии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин тозаву озода нигоҳ
доштани маҳаллаву хиёбонҳо ва баланд бардоштани маърифати шаҳрнишинии сокинон таваҷҷуҳи
хосса зоҳир карданд.