15px

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Суханрониҳо
    • Сафарҳои дохилӣ
    • Сафарҳои хориҷӣ
    • Фармонҳо
    • Паёмҳо
    • Барқияҳо
    • Суҳбатҳои телефонӣ
    • Аксҳо
  • Маъмурият
    • Раис
    • Муовинони Раис
    • Дастгохи раис
  • Тақсимоти маъмурӣ
    • Шиносномаи ноҳия
    • Соҳаи комуналӣ
    • Соҳаи иқтисодӣ
    • Соҳаи иҷтимоӣ
    • Соҳаи дин
    • Маориф
    • Тандрустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон ва варзиш
    • Кор бо занон
    • Меъморӣ ва шаҳрсозӣ
    • Ҳунарҳои мардумӣ
  • Аз паём то паём
  • Стратегия
  • Душанбе — пойтахт
  • Нақшаи кулл
  • Нома ба Раис
  • Эълонҳо
  • Тамос
  1. Асоси

Ҷаласаи назоратии назди Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душнабе

Имрӯз дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии Раиси ноҳия муҳтарам Сафар Маҳмадшо ҷаласаи назоратӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои муҳими иҷтимоию иқтисодӣ, рафти иҷрои нақшаи буҷети ноҳия, вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ, омодагӣ ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин масъалаи даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифт.
Зимни ҷаласа ба масъулини сохторҳои дахлдор ҷиҳати таъмини иҷрои саривақтии нишондиҳандаҳои иқтисодӣ, омодасозии иншооти ҷашнӣ, инчунин иҷрои босифати нақшаи даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд. Ҳамзамон зарурати тақвияти корҳои тарғиботию фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ ва баланд бардоштани масъулияти роҳбарони сохторҳо таъкид гардид.
Инчунин зикр гардид, ки иҷрои босифати вазифаҳои гузошташуда, ҳамоҳангии фаъолияти сохторҳо ва иштироки фаъоли ҳамаи масъулин барои рушди устувори ноҳия ва дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти махсус дорад.
Дар фарҷоми ҷаласа бахшида ба Рӯзи кормандони Хадамоти давлатии оташнишонӣ, ки ҳамасола 30 июл дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад, аз ҷониби Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе сардорони Қисмҳои мустақили ҳарбикунонидашудаи давлатии Хадамоти оташнишонии №1 ва №2 барои фаъолияти содиқона, саҳми арзанда дар таъмини амнияти сӯхтор ва ҳамкориҳои судманд бо сипоснома ва мукофоти пулӣ қадрдонӣ гардиданд.