15px

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Суханрониҳо
    • Сафарҳои дохилӣ
    • Сафарҳои хориҷӣ
    • Фармонҳо
    • Паёмҳо
    • Барқияҳо
    • Суҳбатҳои телефонӣ
    • Аксҳо
  • Маъмурият
    • Раис
    • Муовинони Раис
    • Дастгохи раис
  • Тақсимоти маъмурӣ
    • Шиносномаи ноҳия
    • Соҳаи комуналӣ
    • Соҳаи иқтисодӣ
    • Соҳаи иҷтимоӣ
    • Соҳаи дин
    • Маориф
    • Тандрустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон ва варзиш
    • Кор бо занон
    • Меъморӣ ва шаҳрсозӣ
    • Ҳунарҳои мардумӣ
  • Аз паём то паём
  • Стратегия
  • Душанбе — пойтахт
  • Нақшаи кулл
  • Нома ба Раис
  • Эълонҳо
  • Тамос
  1. Асоси

“ҲАМГИРОИИ ШАҲРҲО ДАР ТАТБИҚИ ИМКОНИЯТҲОИ САЙЁҲИИ УСТУВОР”

Имрӯз дар пойтахти кишвар Форуми байналмилалии Душанбе таҳти унвони «Ҳамгироии шаҳрҳо дар татбиқи имкониятҳои сайёҳии устувор» баргузор гардид.
Дар кори Форум намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти шаҳри Душанбе, намояндагони вазорату кумитаҳо ва сохторҳои давлатӣ, намояндагони бародаршаҳрҳо ва шарикон, созмонҳои байналмилалӣ, корпуси дипломатӣ, Федератсияи умумиҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ, ширкатҳои сайёҳӣ ва ҳавопаймоӣ, меҳмонхонаҳо ва тарабхонаҳо, муассисаҳои фарҳангиву таърихӣ, намояндагони бахши хусусӣ, васоити ахбори омма ва Ассотсатсияи блогерони Тоҷикистон иштирок намуданд.
Форум бо мақсади таҳкими ҳамкории байнишаҳрӣ, рушди сайёҳии устувор, муаррифии имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва шаҳри Душанбе, ҷалби сармоя ба соҳаи сайёҳӣ, рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва табодули таҷрибаи пешқадам баргузор карда шуд.
Зимни Форум масъалаҳои марбут ба нақши захираҳои сайёҳӣ дар рушди босуботи иқтисодиёт, рушди самараноки сайёҳии фарҳангӣ, ҷалби сармоягузорӣ ба соҳаи сайёҳӣ, иқтисоди рақамӣ ва ташаккули экосистемаи муосири хизматрасониҳои сайёҳӣ, имконият ва дурнамои рушди сайёҳӣ дар минтақаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамзамон иштирокчиёни Форум масъалаҳои марбут ба ҳамгироии шаҳрҳои минтақа ҳамчун омили рушди устувори сайёҳӣ, рушди ҳамкории байнишаҳрӣ дар ташкили масирҳои ягонаи туристӣ, сайёҳии минтақавӣ ҳамчун омили ҳамгироии иқтисодӣ, нақши шаҳрҳо дар рушди соҳаи сайёҳӣ ва имкониятҳои сармоягузорӣ ба рушди инфрасохтори сайёҳиро муҳокима намуданд.
Дар ҷараёни Форум доир ба истифодаи самараноки имкониятҳои шаҳрҳо барои рушди сайёҳии устувор, густариши ҳамкории минтақавӣ ва байнишаҳрӣ, ташкили масирҳои муштараки сайёҳӣ, рушди хизматрасониҳои рақамӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармоягузорӣ пешниҳодҳои мушаххас ироа гардиданд.
Таъкид гардид, ки дар шароити рушди босуръати соҳаи сайёҳӣ ҳамкории зичи шаҳрҳо, мақомоти давлатӣ, бахши хусусӣ ва шарикони байналмилалӣ барои ташаккули маҳсулоти рақобатпазири сайёҳӣ, тавсеаи инфрасохтор ва ҷалби бештари сайёҳон аҳамияти муҳим дорад.
Дар фарҷом аз рӯйи натиҷаҳои Форум бо дарназардошти пешниҳодҳои ироагардида доир ба таҳкими ҳамкории байнишаҳрӣ, рушди сайёҳии устувор, такмили хизматрасонӣ, истифодаи имкониятҳои сармоягузорӣ ва ташкили масирҳои нави сайёҳӣ санади дахлдор қабул карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки дар доираи Форум аз 24 то 26 сентябр «Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026» («Dushanbe International Tourism Exhibition-2026») баргузор мегардад.
Дар Намоишгоҳ имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон, бахусус шаҳри Душанбе, маҳсулоту хизматрасониҳои ширкатҳои сайёҳии ватанию хориҷӣ, меҳмонхонаҳо, тарабхонаҳо, ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва нақлиётӣ, муассисаҳои фарҳангиву таърихӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва дигар субъектҳои соҳаи сайёҳӣ муаррифӣ мешаванд.
Маросими ифтитоҳи расмии «Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026» имрӯз, 24 сентябр, баъди нисфирӯзӣ дар назар дошта шудааст.
Баргузории Намоишгоҳ то 26 сентябр идома ёфта, дар доираи он барои намояндагони ширкатҳои сайёҳӣ, роҳбаладон, меҳмонхонаҳо ва тарабхонаҳо дарсҳои маҳорат доир ба беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ баргузор карда мешаванд.
Инчунин, меҳмонони хориҷӣ ва иштирокчиёни чорабиниҳо зимни сайри шомгоҳӣ бо имкониятҳои сайёҳии шаҳри Душанбе шинос гардида, аз мавзеъҳои сайёҳии пойтахт боздид менамоянд.