12 ноябри соли 2026 бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур бахшида ба “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон – намои хирад, сулҳу дӯстӣ ва одамият!» ҳамоиши тантанавии ҳизбиёни ноҳия баргузор гардид.
Ҳамоиши мазкур дар толори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ бо иштироки масъулини Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур, собиқадорони арсаи сиёсату давлатдорӣ, вакилони маҷлисҳои вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ноҳияи Шоҳмансур, роҳбарону намояндагони ташкилоту муассисаҳо, фаъолони ҳизб, ҷавонон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма доир гардид.
Дар ҳамоиш роҳбари Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хонзода Абдураҳмон Умар, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Фазилатпочои Маҳмадюсуф, арбоби сиёсӣ ва давлатӣ, собиқ вакили Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Адолат Раҳмонова, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур – Нилуфар Каримзода ва дигар меҳмонону фаъолони ҳизб иштирок намуданд.
Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, дар суханрониҳои ифтитоҳӣ ва табрикотии меҳмонон аз аҳаммияти “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҳамчун яке аз санаҳои муҳими тақвими миллии кишвар, нақши ниҳодҳои давлатдорӣ дар таҳкими истиқлолу озодӣ, ҳифзи сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, инчунин зарурати таҳкими ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ ёдоварӣ карда шуд.
Нахуст, арбоби сиёсӣ ва давлатӣ, собиқ вакили Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Адолат Раҳмонова доир ба аҳаммияти таърихии ин сана ва марҳилаҳои ташаккули давлатдории миллӣ суханронӣ намуда, андешаҳои худро вобаста ба нақши сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар пешрафти ҷомеа баён дошт.
Сипас, роҳбари Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хонзода Абдураҳмон Умар, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Фазилатпочои Маҳмадюсуф ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Каримзода Нилуфар Раҳмоналӣ суханронӣ намуда, иштирокчиёнро ба муносибати “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” табрик гуфтанд.
Зимни баромадҳо масъалаҳои марбут ба таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, тақвияти фаъолияти сохторҳои ҳизбӣ, татбиқи ҳадафҳои барномавии ҲХДТ ва саҳми фаъолони ҳизб дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии ҷомеа мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.
Ҳамзамон маърӯзачиён доир ба ҷойгоҳи “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар низоми санаҳои муҳими давлатдорӣ, нақши ин ниҳоди конститутсионӣ дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва аҳаммияти он дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятии кишвар андешаронӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки таҷлили ин санаи фархунда, пеш аз ҳама, бозгӯи эҳтиром ба арзишҳои давлатдории миллӣ, истиқлолу озодӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ буда, барои боз ҳам тақвият бахшидани ҳисси масъулиятшиносӣ, худшиносии миллӣ ва ифтихори ватандӯстии шаҳрвандон заминаи мусоид фароҳам меорад.
Дар фарҷоми суханрониҳо иштирокдорон ба идомаи иқдомҳои созанда, таҳкими ҳамкориҳои судманд ва саҳмгузории бештар дар пешрафту ободонии Тоҷикистони соҳибистиқлол даъват карда шуданд.
Пас аз суханронии меҳмонон, дар идома маросими қадрдонии ғолибони даври ноҳиявии озмунҳои умумишаҳрии ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур доир гардид.
Озмунҳои мазкур дар ноҳияи Шоҳмансур аз 14 октябри соли 2026 дар асоси қарори Маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе оғоз гардида, бо мақсади баланд бардоштани нуфузу эътибори ҳизб дар ҷомеа, тақвияти фаъолияти кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, дастгирии ташаббусҳои созанда ва ҳавасмандгардонии аъзои фаъол роҳандозӣ шуда буданд.
Дар доираи озмун фаъолияти кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, вакилони маҷлисҳои вакилони халқ, кормандони ҳизбӣ, таблиғотчиён ва намояндагони воситаҳои ахбори омма мавриди омӯзишу баҳогузорӣ қарор гирифта, ғолибон аз рӯйи номинатсияҳои муайянгардида интихоб шуданд.
Дар идома, дар фазои тантанавии ҳамоиш бо иштироки меҳмонони олиқадр ғолибони озмун аз рӯйи номинатсияҳои «Кумитаи иҷроияи ибтидоии фаъол», «Ташкилоти ибтидоии фаъол», «Вакили ташаббускор дар ноҳияи Шоҳмансур», «Вакили ташаббускор дар шаҳри Душанбе», «Корманди шоистаи ҳизб», «Беҳтарин таблиғотчии ҳадафҳои барномавӣ», «Хабарнигори варзида» ва «Ташкилоти ҳизбии фаъол миёни шаҳраку маҳаллаҳо» бо диплом ва ҷоизаҳои дахлдор сарфароз гардонида шуданд.
Дар идомаи ҳамоиш барномаи рангини фарҳангӣ пешкаши иштирокчиён гардонида шуд. Барномаи мазкур бо фарогирии суруду таронаҳои ватандӯстона, оҳангҳои дилнишин ва ҳунарнамоии аҳли фарҳангу санъат фазои чорабиниро боз ҳам шукӯҳу шаҳомати тоза бахшид.
Ҳамин тариқ, ҳамоиши тантанавии ҳизбиёни ноҳияи Шоҳмансур дар фазои идона, бо қадрдонии фаъолон ва ғолибони озмунҳои ҳизбӣ ва пешниҳоди барномаи фарҳангӣ баргузор гардида, ба таҳкими рӯҳияи созандагиву ватандӯстӣ ва тақвияти фаъолияти сохторҳои ҳизбӣ равона гардид.