15px

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Суханрониҳо
    • Сафарҳои дохилӣ
    • Сафарҳои хориҷӣ
    • Фармонҳо
    • Паёмҳо
    • Барқияҳо
    • Суҳбатҳои телефонӣ
    • Аксҳо
  • Маъмурият
    • Раис
    • Муовинони Раис
    • Дастгохи раис
  • Тақсимоти маъмурӣ
    • Шиносномаи ноҳия
    • Соҳаи комуналӣ
    • Соҳаи иқтисодӣ
    • Соҳаи иҷтимоӣ
    • Соҳаи дин
    • Маориф
    • Тандрустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон ва варзиш
    • Кор бо занон
    • Меъморӣ ва шаҳрсозӣ
    • Ҳунарҳои мардумӣ
  • Аз паём то паём
  • Стратегия
  • Душанбе — пойтахт
  • Нақшаи кулл
  • Нома ба Раис
  • Эълонҳо
  • Тамос
  1. Асоси

Анҷоми сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон

7 ноябр сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзҳои 5-7 ноябр дар Ҷумҳурии Қазоқистон ҷараён дошт ба анҷом расид.
Ёдовар мешавем, ки зимни ин сафар Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, дар Иҷлосияи Ақаба иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар доираи сафари расмӣ мулоқоту музокироти сатҳи оли Тоҷикистону Қазоқистон доир гардида, зимни он маҷмуъи масоили ҳамкорӣ баррасӣ шуд.
Аз рӯйи натиҷаи музокирот 20 санад ва форуми соҳибкорони ду кишвар 25 санади нави ҳамкорӣ ба маблағи умумии 2, 5 миллиард доллари амрикоӣ ба имзо расид.
Дар фурудгоҳи байналмилалии ба номи Нурсултон Назарбоев меҳмони олимақом Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо нишони эҳтирому самимияти баланд Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Тоқаев гусел намуданд.
Нимаи дуюми рӯзи 7 ноябр Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Остона ба Ватан баргаштанд.