15px

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Суханрониҳо
    • Сафарҳои дохилӣ
    • Сафарҳои хориҷӣ
    • Фармонҳо
    • Паёмҳо
    • Барқияҳо
    • Суҳбатҳои телефонӣ
    • Аксҳо
  • Маъмурият
    • Раис
    • Муовинони Раис
    • Дастгохи раис
  • Тақсимоти маъмурӣ
    • Шиносномаи ноҳия
    • Соҳаи комуналӣ
    • Соҳаи иқтисодӣ
    • Соҳаи иҷтимоӣ
    • Соҳаи дин
    • Маориф
    • Тандрустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон ва варзиш
    • Кор бо занон
    • Меъморӣ ва шаҳрсозӣ
    • Ҳунарҳои мардумӣ
  • Аз паём то паём
  • Стратегия
  • Душанбе — пойтахт
  • Нақшаи кулл
  • Нома ба Раис
  • Эълонҳо
  • Тамос
  1. Асоси

АРҶГУЗОРӢ БА ОМӮЗГОР — АРҶГУЗОРӢ БА ОЯНДАИ МИЛЛАТ

«Муаллим ақл, шарафу виҷдони ҷомеа ва симои асосӣ мебошад. Вай донишу заковат, гармии дили худро бедареғ ба фарзандони худ медиҳад ва хешро хушбахт мешуморад».
Эмомалӣ Раҳмон
Ҷашн дорад ин замон дар мамлакат омӯзгор,
Тирагиро дур созад, нур бахшад рӯзгор.
Қадри ӯ хеле баланд гардид андар ин замон,
Нест мисли ӯ касе болонишин дар ҳар макон.
Дар ҳақиқат, омӯзгор пойдории миллат ва роҳбалади ҳаёти солими ҷомеа мебошад. Маҳз хизмати шоистаи омӯзгорон аст, ки имрӯз дар ҷомеа шумораи генералҳо, табибон, додситонҳо, роҳбарон, ихтироъкорон ва дигар мутахассисони соҳаҳои гуногун меафзояд ва ҳаёти иқтисодию иҷтимоии кишвар ободу осуда мегардад. Аз ҳамин хотир, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому мартабаи омӯзгорро баланд бардошта, омӯзгоронро барои баланд бардоштани сатҳу сифати дониши хонандагон ва тарбияи насли ояндасози миллат сафарбар менамоянд.
Сарвари давлат пешаи омӯзгориро яке аз муқаддастарин касбҳои рӯйи олам шуморида, бедории фикр, покизагии ахлоқ ва ташаккули ақлонии инсонро маҳсули ранҷу машаққати омӯзгорон меҳисобанд.
Сарчашмаи ҳамаи хушиҳо, ободии ҷомеа ва ба камол расидани шогирдони баркамол маҳз ба омӯзгорон вобастагӣ дорад. Омӯзгорон вазифаи ниҳоят душворро ба зимма гирифта, дар зиндагии пур аз розу ниёз тифли инсониятро тарбия менамоянд ва ба ӯ илм меомӯзонанд, ки, албатта, кори осон нест.
Муаллим, ба қавли бузургон, муҳандиси рӯҳии инсон аст. Тавре ки муҳандис нақша ва созмони ягон корро тарҳрезӣ менамояд, муаллим низ аз рӯзҳои аввали таҳсил ба шогирдон одобу ахлоқ меомӯзонад ва онҳоро ба ҳаёти солими оянда омода месозад. Муаллимро оинаи халқ мегӯянд — оинае, ки инсон дар он камбудиву нуқсонҳои худро дида, барои бартараф намудани онҳо талош мекунад.
Омӯзгор касест, ки ҳамеша дар ҷустуҷӯи навоварист. Донистану аз худ кардани навовариҳо ва ба шогирдон омӯзонидани рафтору гуфтори нек ба осонӣ муяссар намешавад. Чандон осон нест, ки аз тифле, ки аз олами маънӣ ҳанӯз хабаре надорад, олиме сохт.
Омӯзгорӣ касби ниҳоят пуршараф ва душвор аст. Касеро бе заҳмат наметавон соҳибдонишу соҳибмаърифат намуд. Дар ин бора шоир бисёр бамаврид гуфтааст:
Расад ҷон бар лаби бечора устод,
Ки ҳарферо ба шогирде диҳад ёд.
Даме ки устод шогирди бо ҷон парвардаашро соҳибкамол мебинад, беихтиёр мефахрад, ки нахли парвардааш самар додааст, зеро шогирди хуб ифтихори муаллим мегардад.
Наметавон бе мураббӣ алфоз омӯхт, дониш андӯхт ё худ ба ҷое расид. Омӯзгор касест роҳнамою ҳидояткунанда, мунису ғамхор ва дӯсти беғараз. Чунон ки Мавлонои Балхӣ гуфтааст:
Ҳеҷ кас аз пеши худ чизе нашуд,
Ҳеҷ оҳан ханҷари тезе нашуд.
Ҳеҷ Мавлоно нашуд Мавлои Рум,
То муриди Шамси Табрезӣ нашуд.
Таҷлили ин санаи фархунда шаҳодати таваҷҷуҳ ва ғамхории ҳамешагии давлату Ҳукумати мамлакат ба омӯзгор — роҳнамову роҳкушои аҳли башар ба сӯйи дониш, илм, маърифат ва камолоти маънавӣ мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба нақши илму маориф дар ташаккули ҷомеаи пешрафта ва мутамаддин таъкид намудаанд:
«Бунёди ҷомеаи солиму рушдёфта маҳз тавассути ташаккул додани илму маорифи пешрафта, ба роҳ мондани таълиму тарбияи мақсадноки ба арзишҳои миллӣ асосёфта, баланд бардоштани сатҳи касбияти омӯзгорон, муҳайё кардани шароити муосири таълим дар муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсилот, яъне бо асбобу таҷҳизоти замонавӣ таъмин намудани онҳо ва, албатта, заҳмати содиқонаи аҳли маориф ва ҳамкориву дастгирии падару модарон имконпазир буда метавонад».
Воқеан, рушди ҷомеа, таъмини амнияти ҷамъият ва давлат, сифати зиндагии мардум, расидан ба сатҳи ҷаҳонии иқтисодиёт, азхудкунии имкониятҳои нави технологӣ ва, дар маҷмӯъ, рушди иҷтимоии ҷомеа мустақиман аз сатҳи маориф ва ташкили ҷараёни мураттабу босифати таълиму тарбия вобаста мебошад. Дар кишвари мо зина ба зина барои беҳтар намудани заминаҳои моддию техникии муассисаҳои таълимӣ ва фароҳам овардани шароити хубу самарабахш ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълиму тарбия барномаҳои ҷадиди соҳавӣ қабул ва дар амал татбиқ мешаванд.
Дар сатҳи баланд баргузор гардидани озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон — Ватани азизи ман», «Илм — фурӯғи маърифат» ва ««Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат» ва дастовардҳои толибилмон дар озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ башорати заҳмати хастанопазири устодону омӯзгорони мо мебошанд.
Итминони комил дорам, ки омӯзгорон, чун неруи пешбарандаи ҷомеа, минбаъд низ дар тарбияи насли ояндасоз, худогоҳ ва ватандӯст, дар пойдории сулҳу ваҳдат, таҳкими худшиносии миллӣ ва бунёди ҷомеаи навин саҳми сазовор мегузоранд.
Мунзима Нумонзода,
директори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии
№23-и ноҳияи Шоҳмансур