ҲАР НИҲОЛ АЗ ҲИММАТИ Ӯ ЁДГОРӢ МЕШАВАД...
Дар доираи эълон гардидани соли 2026 "Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ ҷиҳати омодагии сазовор ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ва Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Хирадмандон”-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Академияи миллии илмҳои Тоқикистон дар хиёбони Рӯдакӣ маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид.
Дар маъракаи ниҳолшинонӣ президенти АМИТ, раиси КИИ “Хирадмандон” Қобилҷон Хушвахтзода, муовини раиси ноҳияи Шоҳмансур Шарофиддин Сафарбекзода, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Умед Содиқиён ва аъзои ҳизб ширкат варзиданд.
Дар рафти ниҳолшинонӣ ниҳолҳои сабзу сояафкани навъи магнолия шинонида шуда, иқдоми мазкур бо мақсади сарсабзу хуррам гардонидани муҳити атроф ва беҳтар гардонидани фазои экологии пойтахт нигаронида шудааст.