Ҷашни Сада яке аз оини бостонӣ ва пурғановати мардуми тоҷик ва дигар халқҳои ориёинажод ба шумор рафта, бо ташаббуси бевостаи Асосгузори сулҳу ваҳдати милли – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нав эҳё гардид. Боиси хушнудист, ки бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни Сада ҳамчун эҳёи анъанаҳои ниёгон 4-уми декабри соли 2023 ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримодии башарияти ЮНЕСКО шомил гардид.
Ин ҷашн аз оини ориёӣ маншаъ гирифта, рамзи пирӯзии рӯшноӣ бар зулмот ва гармӣ бар сардӣ мебошад. Сада ҳамасола дар фасли зимистон, тақрибан панҷоҳ рӯз пеш аз Наврӯз таҷлил мегардад. Вожаи “Сада” аз рақами сад гирифта шуда, ишора ба 50 шаб ва 50 рӯз то фарорасии Наврӯзро дорад. Маҳз дар ҳамин айём одамон ба анҷоми сармои шадид умед баста, омодагӣ ба кишту кори баҳориро оғоз менамоянд.
Тибқи ривояту асотирҳо Сада бо кашфи оташ иртибот дорад. Гуфта мешавад, ки шоҳ Ҳушанг ҳангоми бархӯрди сангҳо ба ҳам оташро кашф намудааст. Аз ҳамон вақт оташ ҳамчун рамзи зиндагӣ, рӯшноӣ ва покӣ эҳтиром ёфт ва афрӯхтани оташ ҷузъи ҷудонашавандаи ҷашни Сада гардид.
Ҷашни Сада, амиро расми кибор бошад,
Ин ойини Каюмарсу Исфандиёр бошад.
Дар ҷараёни ҷашн мардум гулхан меафрӯхтанд, гирди он ҷамъ омада, сурудхонон рақсу бозӣ ва орзуву ниятҳои нек мекарданд. Оташ рамзи гармии хонадон, иттиҳоди мардум ва идомаи зиндагӣ маҳсуб меёфт. Ҳамчунин, ҷашни Сада мардумро ба дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтиром ба табиат даъват менамуд.
Имрӯз ҷашни Сада ҳамчун мероси фарҳангии ниёгон эҳё гардида, дар баробари Наврӯз, Меҳргон ва Тиргон мақоми хос дорад. Таҷлили он на танҳо эҳтиром ба таърих аст, балки василаи таҳкими худшиносии миллӣ, пайванди наслҳо ва ҳифзи арзишҳои маънавии ҷомеа маҳсуб меёбад. Сада ҷашнест, ки дар он гармии дилҳо, рӯшноии андешаҳо ва умеди зиндагии беҳтар таҷассум меёбад. Пос доштани ин ҷашн эҳтиром ба мероси гузаштаи таърихиии халқи тоҷик ва ориёинажод мебошад.
Сада омад, ки туро мужда диҳад аз Наврӯз,
Мужда бипазиру бидеҳ хилъату кораш битароз.
Суҳайлӣ МАҲКАМЗОДА,
Мутахассиси пешбари бахши иттилооти
дастгоҳи Раиси ноҳияи Шоҳмансур