15px

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Суханрониҳо
    • Сафарҳои дохилӣ
    • Сафарҳои хориҷӣ
    • Фармонҳо
    • Паёмҳо
    • Барқияҳо
    • Суҳбатҳои телефонӣ
    • Аксҳо
  • Маъмурият
    • Раис
    • Муовинони Раис
    • Дастгохи раис
  • Тақсимоти маъмурӣ
    • Шиносномаи ноҳия
    • Соҳаи комуналӣ
    • Соҳаи иқтисодӣ
    • Соҳаи иҷтимоӣ
    • Соҳаи дин
    • Маориф
    • Тандрустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон ва варзиш
    • Кор бо занон
    • Меъморӣ ва шаҳрсозӣ
    • Ҳунарҳои мардумӣ
  • Аз паём то паём
  • Стратегия
  • Душанбе — пойтахт
  • Нақшаи кулл
  • Нома ба Раис
  • Эълонҳо
  • Тамос
  1. Асоси

АВФ – ТАҶАССУМИ СИЁСАТИ ИНСОНДӮСТОНА ВА ҒАМХОРӢ БА САРНАВИШТИ ШАҲРВАНДОН

Авф яке аз муҳимтарин зуҳуроти сиёсати инсондӯстона ва башардӯстонаи давлат ба ҳисоб рафта, аз ғамхории роҳбарияти олии мамлакат нисбат ба сарнавишти инсон ва фароҳам овардани имконияти дубораи зиндагии шоиста барои шаҳрвандон шаҳодат медиҳад.
Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста қонунҳои авф қабул гардида, ҳазорҳо нафар шаҳрвандоне, ки ба ҷиноят даст задаанд, аз имтиёзҳои он бархӯрдор мегарданд. Ин иқдоми нек на танҳо ба сабук шудани ҷазо ва ё аз ҷавобгарӣ озод гардидани шаҳрвандон мусоидат менамояд, балки ба онҳо имконият медиҳад, ки хатои содиркардаи худро ислоҳ намуда, ба назди оила ва наздикони худ баргашта, ҳамчун аъзои фаъоли ҷомеа ба фаъолияти созанда машғул шаванд.
Авф, пеш аз ҳама, ифодаи арзишҳои олии инсонӣ, аз қабили раҳму шафқат, бахшиш ва эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои инсон мебошад. Ин амал ҳамчунин барои таҳкими оилаҳо, коҳиш додани сатҳи ҷинояткорӣ ва мутобиқсозии иҷтимоии шаҳрвандон аҳамияти калон дорад.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф», ки ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод ва қабул гардид, боз як намунаи равшани сиёсати инсонмеҳваронаи давлат ва Ҳукумати мамлакат мебошад. Ин иқдом бори дигар собит месозад, ки дар меҳвари сиёсати давлатӣ инсон, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ӯ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии шоиста қарор дорад.
Бешубҳа, авф ҳамчун падидаи ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ дар таҳкими суботу оромӣ, таҳаммулпазирӣ ва ваҳдати ҷомеа нақши муҳим дошта, шаҳрвандони аз ҷазо озодшударо водор месозад, ки бо меҳнати софдилона ва рафтори намунавӣ дар рушди давлат ва ободии Ватан саҳми арзандаи худро гузоранд.
Аз ин рӯ, ҳар як шахсе, ки аз имтиёзҳои қонуни авф бархӯрдор мегардад, бояд ин ғамхорӣ ва эътимоди давлатро қадр намуда, бо риояи қонунҳо, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва саҳмгузорӣ дар пешрафти ҷомеа ҳамчун шаҳрванди масъул фаъолият намояд.
Акбар Ҳурматзода, директори Муассисаи давлатии "Маркази таҳсилоти иловагии ноҳияи Шоҳмансур"-и шаҳри Душанбе