15px

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Суханрониҳо
    • Сафарҳои дохилӣ
    • Сафарҳои хориҷӣ
    • Фармонҳо
    • Паёмҳо
    • Барқияҳо
    • Суҳбатҳои телефонӣ
    • Аксҳо
  • Маъмурият
    • Раис
    • Муовинони Раис
    • Дастгохи раис
  • Тақсимоти маъмурӣ
    • Шиносномаи ноҳия
    • Соҳаи комуналӣ
    • Соҳаи иқтисодӣ
    • Соҳаи иҷтимоӣ
    • Соҳаи дин
    • Маориф
    • Тандрустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон ва варзиш
    • Кор бо занон
    • Меъморӣ ва шаҳрсозӣ
    • Ҳунарҳои мардумӣ
  • Аз паём то паём
  • Стратегия
  • Душанбе — пойтахт
  • Нақшаи кулл
  • Нома ба Раис
  • Эълонҳо
  • Тамос
  1. Асоси

Ба истифода додани бинои Суди вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд

8 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави маъмурии Суди вилояти Суғдро дар шаҳри Хуҷанд ба истифода доданд.
Иншоот дар доираи сиёсати созандаву бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди фаъолият барои мақомоти судӣ ва ба талаботи муосири соҳа ҷавобгӯ сохта шудааст.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар бинои маъмурии Суди вилояти Суғд, ҳамчунин Суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд ва Суди иқтисодии вилояти Суғд ҷойгир карда шудаанд.
Ҳамаи ҳуҷраҳои корӣ, толорҳои мурофиа ва дигар утоқҳои хизматӣ бо назардошти талаботи муосир ҷиҳозонида шуда, барои фаъолияти босамари судяҳо, кормандони дастгоҳи суд ва қабули шаҳрвандон дорои шароити зарурӣ мебошанд.
Таҳхонаи бино дорои ҳуҷраҳои махсус буда, барои нигоҳдории мувақатии гумонбарони ҳолатҳои ҷиноӣ пешбинӣ шудааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо имкониятҳои бино ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, кормандони соҳаро ба таъмини волояти қонун, адолати судӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҳидоят намуданд.
Таъкид гардид, ки кормандони мақомоти судӣ бояд бо масъулияти баланд, садоқат ба давлату миллат ва ҳисси баланди ватандӯстӣ фаъолият намуда, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқиро дар ҷойи аввал гузоранд.