Муҳтарам Вячеслав Викторович,
Табрикоти самимии маро ба муносибати аз нав ба мақоми Раиси Думаи Давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия интихоб гардиданатон бипазиред.
Итминон дорам, ки эътимоди баланди ба Шумо зоҳиргардида, эътирофи касбият, таҷрибаи ғании парламентӣ ва саҳми назарраси Шумо дар рушди парламентаризми Россия аст.
Бо истифода аз ин фурсат, мехоҳам хосатан рушди бемайлон ва хусусияти амалии ҳамкории байнипарламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россияро зикр намоям.
Боварӣ дорам, ки ҳамкории байни Маҷлиси миллӣ ва Думаи Давлатӣ минбаъд низ мунтазам рушд ва мундариҷаи нав пайдо хоҳад кард.
Муҳтарам Вячеслав Викторович, ба Шумо саломатии қавӣ, некӯаҳволӣ, дастовардҳои нав дар хидмати пурмасъулияти давлатӣ ва ба мардуми дӯсти Федератсияи Россия сулҳу субот ва шукуфоӣ орзумандам.
Бо эҳтиром,
Рустам Эмомалӣ