Муҳтарам Рубен Карапетович,
Табрикоти самимии маро ба муносибати ҷашни миллӣ - Рӯзи истиқлолияти Ҷумҳурии Арманистон, бипазиред.
Дар тӯли солҳои истиқлолият Ҷумҳурии Арманистон роҳи шоистаи ташаккули давлатӣ ва рушдро тай намуда, дар таҳкими ниҳодҳои давлатӣ, рушди иҷтимоию иқтисодӣ, инчунин пешбурди илму маориф ва фарҳанг ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.
Итминон дорам, ки ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва муколамаи созандаи байнипарламентӣ миёни Тоҷикистон ва Арманистон минбаъд низ ба таҳкими муносибатҳои дӯстона байни давлатҳои мо мусоидат хоҳанд кард.
Ба Шумо, муҳтарам Рубен Карапетович, саломатии қавӣ, некӯаҳволӣ ва ба мардуми дӯсти Арманистон сулҳу субот ва шукуфоӣ орзу менамоям.
Бо эҳтиром,
Рустам Эмомалӣ