Муҳтарам Ален Робертович,
Шуморо ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Арманистон самимона табрик менамоям.
Ҷумҳурии Тоҷикистон сатҳи кунунии ҳамкории байнипарламентиро бо Ҷумҳурии Арманистон, ки омили муҳими рушди пайгиронаи муколамаи сиёсӣ ба шумор меравад, баланд арзёбӣ менамояд.
Итминон дорам, ки густариши минбаъдаи ҷанбаи парламентии муносибатҳои дуҷониба ба таҳкими эътимоди мутақобила ва пешбурди ҳамкории мутақобилан судманд миёни Тоҷикистон ва Арманистон мусоидат хоҳад кард.
Ба Шумо, муҳтарам Ален Робертович, саломатии қавӣ, саодатмандӣ, дар фаъолияти давлатиатон комёбиҳо ва ба мардуми Ҷумҳурии Арманистон сулҳу шукуфоӣ таманно дорам.