Муҳтарам Сагиба Алӣ гизи,
Табрикоти самимонаи маро ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Озарбойҷон бипазиред.
Қабули Конститутсия марҳилаи нави рушди Ҷумҳурии Озарбойҷонро оғоз бахшида, принсипҳои асосии сохтори давлатдорӣ, кафолатҳои ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, инчунин заминаҳои ҳуқуқии рушди минбаъдаи иҷтимоию иқтисодии кишварро муайян намуд.
Мо ба рушди муносибатҳои дӯстона ва таҳкими робитаҳои байнипарламентӣ миёни кишварҳоямон, ки ҷузъи муҳими ҳамкориҳои Тоҷикистону Озарбойҷон ба шумор мераванд, аҳамияти хосса медиҳем.
Итминон дорам, ки муколамаи созандаи сиёсӣ ва дастгирии ҳамдигарӣ ба таъмиқи минбаъдаи шарикии стратегӣ мусоидат хоҳанд кард.
Ба Шумо, муҳтарам Сагиба Алӣ гизи, саломатии қавӣ, некӯаҳволӣ, дар фаъолиятатон комёбиҳо ва ба мардуми Озарбойҷон сулҳу шукуфоӣ орзу менамоям.
Бо эҳтиром,