15px

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Суханрониҳо
    • Сафарҳои дохилӣ
    • Сафарҳои хориҷӣ
    • Фармонҳо
    • Паёмҳо
    • Барқияҳо
    • Суҳбатҳои телефонӣ
    • Аксҳо
  • Маъмурият
    • Раис
    • Муовинони Раис
    • Дастгохи раис
  • Тақсимоти маъмурӣ
    • Шиносномаи ноҳия
    • Соҳаи комуналӣ
    • Соҳаи иқтисодӣ
    • Соҳаи иҷтимоӣ
    • Соҳаи дин
    • Маориф
    • Тандрустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон ва варзиш
    • Кор бо занон
    • Меъморӣ ва шаҳрсозӣ
    • Ҳунарҳои мардумӣ
  • Аз паём то паём
  • Стратегия
  • Душанбе — пойтахт
  • Нақшаи кулл
  • Нома ба Раис
  • Эълонҳо
  • Тамос
  1. Асоси

Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Раиси ноҳияи Шоҳмансур асари Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдим гардид  

Дар доираи аксияи «Китоби Пешво – сарчашмаи худшиносии миллӣ» бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Шоҳмансур ба Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе муҳтарам Олимзода Сафар Маҳмадшо асари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдим карда шуд.

Ин иқдом ба тарғиби китобхонӣ, густариши маърифати сиёсиву таърихӣ ва шиносоии амиқтар бо асарҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон равона гардида, аҳаммияти китобро ҳамчун сарчашмаи дониш, худшиносӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ бозгӯ менамояд.

Асарҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инъикосгари марҳилаҳои муҳими таърихи давлатдории навини тоҷикон, роҳи ба даст овардану таҳкими Истиқлоли давлатӣ, барқарорсозии сулҳу ваҳдати миллӣ ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд. Тақдими чунин асарҳо, пеш аз ҳама, ба таҳкими фарҳанги омӯзишу мутолиа ва арҷгузорӣ ба таъриху мероси маънавии миллат мусоидат намуда, аҳаммияти омӯзиши пайвастаи арзишҳои миллӣ ва шинохти роҳи тайкардаи давлату ҷомеаро таъкид мекунад.