15px

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Суханрониҳо
    • Сафарҳои дохилӣ
    • Сафарҳои хориҷӣ
    • Фармонҳо
    • Паёмҳо
    • Барқияҳо
    • Суҳбатҳои телефонӣ
    • Аксҳо
  • Маъмурият
    • Раис
    • Муовинони Раис
    • Дастгохи раис
  • Тақсимоти маъмурӣ
    • Шиносномаи ноҳия
    • Соҳаи комуналӣ
    • Соҳаи иқтисодӣ
    • Соҳаи иҷтимоӣ
    • Соҳаи дин
    • Маориф
    • Тандрустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон ва варзиш
    • Кор бо занон
    • Меъморӣ ва шаҳрсозӣ
    • Ҳунарҳои мардумӣ
  • Аз паём то паём
  • Стратегия
  • Душанбе — пойтахт
  • Нақшаи кулл
  • Нома ба Раис
  • Эълонҳо
  • Тамос
  1. Асоси

БАРГУЗОРИИ АКСИЯИ ТАБЛИҒОТӢ ТАҲТИ УНВОНИ «ҶАВОНОНИ СОЛИМ — ОЯНДАИ ДУРАХШОНИ МИЛЛАТ» МИЁНИ ҶАВОНОНУ СОКИНОНИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУР

Бо мақсади пешгирии нашъамандӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқию иҷтимоии ҷавонон ва тарғиби тарзи ҳаёти солим, аз ҷониби масъулини Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе аксияи таблиғотӣ таҳти унвони «Ҷавонони солим — ояндаи дурахшони миллат» миёни ҷавонону сокинони ноҳия баргузор гардид.
Зимни баргузории аксия бо ҷавонону сокинон суҳбату вохӯриҳо анҷом дода шуда, ба онҳо оид ба оқибатҳои хатарноки истеъмоли маводи нашъаовар, таъсири харобиовари он ба саломатии инсон, ҳаёти оилавӣ ва амнияти ҷомеа маълумоти зарурӣ пешниҳод карда шуд.
Ҳамзамон, тавассути тақсим намудани маводи иттилоотӣ иштирокчиён ба ҳушёриву зиракӣ, дурӣ ҷустан аз ҳар гуна одатҳои номатлуб, риояи тарзи ҳаёти солим ва интихоби роҳи дурусти зиндагӣ даъват карда шуданд.
Зеро миллати солим аз ҷавонони солим ва ояндаи дурахшони давлат аз интихоби дурусти насли ҷавон вобастагӣ дорад.