Имрӯз бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Шоҳмансур миёни сокинони ноҳия аксияи тарғиботӣ таҳти унвони «Бо Президентам ифтихор дорам» баргузор гардид.
Мақсад аз баргузории чунин иқдомҳо баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ, таҳкими эҳтиром ба арзишҳои давлатдорӣ, тарғиби дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва арҷгузорӣ ба хизматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи таҳкими давлатдорӣ, сулҳу субот ва рушди устувори кишвар мебошад.
Иштирокчиёни аксия бо сокинон суҳбатҳои судманд анҷом дода, аҳаммияти Рӯзи Президент ва нақши он дар таҳкими ҳувияти миллӣ ва ифтихори ватандориро шарҳ доданд.