Имрӯз дар асоси дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе ва тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур бо мақсади вусъат бахшидан ба корҳои ободониву созандагӣ, тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист ва баланд бардоштани ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ дар назди ҷомеа аз ҷониби Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Шоҳмансур аксияи тозагӣ таҳти унвони «Саҳми ман дар шаҳри ман» баргузор гардид.
Дар доираи аксия бо ҷалби волонтёрони бахш корҳои тозакунӣ ва ободонӣ дар кӯчаву хиёбонҳои ҳудуди ноҳияи Шоҳмансур анҷом дода шуда, иштирокчиён дар тозаву озода нигоҳ доштани муҳити атроф ва беҳдошти симои шаҳр саҳми арзандаи худро гузоштанд. Ҳадаф аз баргузории чунин иқдомҳо ҷалби ҷавонон ба корҳои ҷамъиятӣ, тарғиби фарҳанги шаҳрнишинӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ, инчунин дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва эҳтиром ба муҳити зист тарбия намудани насли ҷавон мебошад.