15px

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Суханрониҳо
    • Сафарҳои дохилӣ
    • Сафарҳои хориҷӣ
    • Фармонҳо
    • Паёмҳо
    • Барқияҳо
    • Суҳбатҳои телефонӣ
    • Аксҳо
  • Маъмурият
    • Раис
    • Муовинони Раис
    • Дастгохи раис
  • Тақсимоти маъмурӣ
    • Шиносномаи ноҳия
    • Соҳаи комуналӣ
    • Соҳаи иқтисодӣ
    • Соҳаи иҷтимоӣ
    • Соҳаи дин
    • Маориф
    • Тандрустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон ва варзиш
    • Кор бо занон
    • Меъморӣ ва шаҳрсозӣ
    • Ҳунарҳои мардумӣ
  • Аз паём то паём
  • Стратегия
  • Душанбе — пойтахт
  • Нақшаи кулл
  • Нома ба Раис
  • Эълонҳо
  • Тамос
  1. Асоси

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ГУРӮҲИ КОРӢ ОИД БА МУАЙЯН НАМУДАНИ ШУМОРАИ ДАҚИҚИ ХОҶАГИҲОИ ДЕҲҚОНӢ ВА ҶАМЪИЯТИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Имрӯз дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии муовини Раиси шаҳри Душанбе Фақерзода Рустам ва Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Сафар Маҳмадшо ҷаласаи гурӯҳи корӣ ҷиҳати муайян намудани шумораи дақиқи хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамъиятӣ ва аз нав бақайдгирии онҳо дар низоми ҳисоботҳои электронӣ дар Сарраёсати Агентии омори шаҳри Душанбе ва Раёсати Кумитаи андози шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои танзими маълумоти оморию андоз, муайян намудани шумораи воқеии хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамъиятӣ, инчунин ҳамоҳангсозии пойгоҳҳои электронии сохторҳои дахлдор баррасӣ шуд.
Таъкид гардид, ки саҳеҳ ва мутобиқ намудани маълумот барои таҳлили воқеии вазъи соҳаи кишоварзӣ, назорати самараноки истифодаи замин ва рушди минбаъдаи истеҳсолот аҳамияти муҳим дорад.
Ҳамзамон таъкид гардид, ки заминҳои кишоварзии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бояд бо риояи талаботи қонунгузорӣ самаранок ва мақсаднок истифода гардида, барои баланд бардоштани ҳосилнокӣ, кишти зироатҳои кишоварзӣ, парвариши маҳсулоти кишоварзӣ ва таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда шавад. Истифодаи оқилонаи ҳар қитъаи замин ва гирифтани ҳосили хуб аз он дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва рушди соҳаи кишоварзӣ нақши муҳим дорад.
Дар фарҷоми ҷаласа ба масъулини сохторҳои дахлдор ҷиҳати санҷишу муқоисаи маълумоти мавҷуда, ба низом даровардани бақайдгирии хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамъиятӣ, инчунин таҳкими назорат аз болои истифодаи самараноки заминҳо вазифаҳои мушаххас дода шуд.