Мубориза бо коррупсия ва ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта
яке аз масъалаҳои муҳим барои рушди иқтисодиёти мамлакат ба ҳисоб рафта, дар ин
самт аз ҷониби намояндагони ин ниҳоди давлатӣ пайваста тадбирҳои судманд
андешида мешаванд.
Имрӯз, бо мақсади муаррифии мазмун ва муҳтавои
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, №222 «Дар бораи
Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи
то соли 2030» ва ташвиқу тарғиби Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар
бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 28
декабри соли 2024 ҷаласаи навбатии Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия
дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо иштироки мудирони
шуъбаву бахшҳо, роҳбарони сохторҳои ноҳиявӣ, раисони маҳаллаҳо, кормандони
ташкилоту муассисаҳо ва сокинони ҳудуди ноҳия баргузор гардид.
Дар кори ҷаласаи мазкур, Раиси Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе муовини якуми Раиси ноҳия Амиршозода Зоиршоҳ Темур, Сарнозири Раёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон - Раҳмонзода Фаромарз Назришоҳ ва сардори шуъбаи муқовимат ба коррупсияи Раёсати Агентӣ дар шаҳри Душанбе, Подполковники адлия Турсунзода Шодком Худойдод иштирок ва суханронӣ намуданд.
Нахуст, Раҳмонзода Фаромарз Назришоҳ бо суханони ифтитоҳӣ кори ҷаласаро ҳусни оғоз бахшида, қайд намуданд ки коррупсия дар шароити муосир аз мушкилоти дохилӣ ба проблемаи байналмилалӣ мубаддал гардидааст. Ин зуҳуроти номатлуб дар таҳқиқи худ нишон дод, ки решаҳои амиқи таърихӣ дорад ва баробари ташаккулёбии давлатҳо ба вуҷуд омада, зуҳур намудааст. Набояд фаромӯш сохт, ки коррупсия дар баробари дигар хатарҳои ҷаҳонӣ ба яке аз масъалаҳои глобалӣ табдил ёфта, он ба раванди иқтисодию иҷтимоии ҷомеа ва мафкураи инсоният таъсири манфӣ мерасонад.
Инчунин, аз ҷониби эшон оид ба ҳифзу гиромидошти арзишҳои миллӣ ва сарфакорӣ дар истифодаи нерӯи барқ низ, ибрози андеша карда шуд.
Сипас, аз ҷониби Турсунзода Шодком Худойдод баҳри таъмини иҷрои бандҳои дахлдори нақшаи корӣ ва гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ баҳри пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ ба аъзои комиссия супоришҳо дода шуда, аз аҳли толор даъват ба амал оварда шуд, ки дар минбаъд низ баҳри пешгирӣ намудани
ҳолатҳои коррупсионӣ дар доираи ваколат ва имконияти мавҷуда тадбирҳои зарурӣ андешида, барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.
Дар фарҷом, аз ҷониби муовини якуми Раиси ноҳия Амиршозода З. Т. ҷиҳати баргузории чунин як вохӯрии судманд ва саривақтӣ изҳори миннатдорӣ карда шуда, бо боварии комил иброз доштанд, ки ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии кори Комиссияи ҷамъиятӣ, дар самти таҳлил ва баррасии масъалаҳои муқовимат бо коррупсия, аз ҷумла бо доир намудани мулоқоту вохӯриҳо, семинару ҷаласаҳо ва дигар чорабиниҳои таблиғотию-ташвиқотӣ мунтазам тадбирҳои судмандро хоҳем андешид.