15px

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Суханрониҳо
    • Сафарҳои дохилӣ
    • Сафарҳои хориҷӣ
    • Фармонҳо
    • Паёмҳо
    • Барқияҳо
    • Суҳбатҳои телефонӣ
    • Аксҳо
  • Маъмурият
    • Раис
    • Муовинони Раис
    • Дастгохи раис
  • Тақсимоти маъмурӣ
    • Шиносномаи ноҳия
    • Соҳаи комуналӣ
    • Соҳаи иқтисодӣ
    • Соҳаи иҷтимоӣ
    • Соҳаи дин
    • Маориф
    • Тандрустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон ва варзиш
    • Кор бо занон
    • Меъморӣ ва шаҳрсозӣ
    • Ҳунарҳои мардумӣ
  • Аз паём то паём
  • Стратегия
  • Душанбе — пойтахт
  • Нақшаи кулл
  • Нома ба Раис
  • Эълонҳо
  • Тамос
  1. Асоси

БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШ БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Имрӯз бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти унвони «Нақши занон дар таҳкими давлатдорӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ» бо ҷалби занону ҷавондухтарон ва дигар қишрҳои фаъоли ҷомеа ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.
Дар ҳамоиши мазкур -муовини Раиси шаҳри Душанбе-Одилзода Дилбар Раҳим; муовини Раиси Кумита кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Одиназода Чамианоро Рустам, ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, доктори илмҳои техникӣ, профессор Назарзода Хайрулло Холназар, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомони, номзади илмҳои педагогӣ Маҷидзода Ҷамшед Сунатулло иштирок ва суханронӣ намуда қайд намуданд, ки 9 сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон Истиқлоли давлатии худро эълон кард, ки ин рӯйдоди таърихӣ барои ташаккули рамзҳои нави миллӣ ва давлатии кишвар заминаи мусоид фароҳам овард. Пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ зарурати қабули рамзҳое ба миён омад, ки соҳибихтиёрии давлат, ҳувияти миллӣ ва арзишҳои таърихию фарҳангии халқи тоҷикро инъикос намоянд.
Парчами давлатӣ яке аз муқаддастарин рамзҳои соҳибиистиқлолию соҳибихтиёриӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳастии таърихии ҳар як давлату миллат ба шумор рафта, таҷассумгари таърих, фарҳанг, ормонҳои миллӣ, арзишҳои маънавӣ ва ҳуввияти халқу миллат буда, дар худ гузаштаи пурифтихор, воқеияти имрӯза ва ормонҳои ояндаи миллатро таҷассум менамояд.
Барои мардуми тоҷик Парчами давлатӣ рамзи муқаддаси озодӣ, истиқлолият, сулҳу субот, ваҳдат ва сарбаландии миллӣ мебошад. Он аз таърихи чандинҳазорсолаи давлатдории ниёгони тоҷикон сарчашма гирифта, бо дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ пайванди ногусастанӣ дорад.
24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд, ки ин сана дар таърихи давлатдории навини тоҷикон аҳамияти бузург дошта, қабули Парчами давлатӣ яке аз қадамҳои муҳим дар роҳи таҳкими пояҳои истиқлолият ва ташаккули давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад.
Миллати тоҷик дар тӯли таърихи дуру дарози худ марҳилаҳои гуногуни давлатдориро аз сар гузаронидааст. Аз давлатҳои қадимаи ориёӣ то давлатҳои асримиёнагии тоҷикон, аз даврони Сомониён то таъсиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар як марҳила дар ташаккули худшиносии миллӣ ва фарҳанги давлатдории тоҷикон нақши муҳим гузоштааст.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз дар давраи эҳёи давлатдории миллӣ ва ба даст овардани истиқлоли давлатӣ ҳамчун рамзи нави давлатдории тоҷикон қабул гардид. Он имрӯз дар баробари Нишони давлатӣ ва Суруди миллӣ яке аз рамзи асосии давлатии кишвари мо ба ҳисоб меравад.