15px

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Суханрониҳо
    • Сафарҳои дохилӣ
    • Сафарҳои хориҷӣ
    • Фармонҳо
    • Паёмҳо
    • Барқияҳо
    • Суҳбатҳои телефонӣ
    • Аксҳо
  • Маъмурият
    • Раис
    • Муовинони Раис
    • Дастгохи раис
  • Тақсимоти маъмурӣ
    • Шиносномаи ноҳия
    • Соҳаи комуналӣ
    • Соҳаи иқтисодӣ
    • Соҳаи иҷтимоӣ
    • Соҳаи дин
    • Маориф
    • Тандрустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон ва варзиш
    • Кор бо занон
    • Меъморӣ ва шаҳрсозӣ
    • Ҳунарҳои мардумӣ
  • Аз паём то паём
  • Стратегия
  • Душанбе — пойтахт
  • Нақшаи кулл
  • Нома ба Раис
  • Эълонҳо
  • Тамос
  1. Асоси

БАРГУЗОРИИ БОЗИИ ФИНАЛИИ МУСОБИҚАИ ФУТБОЛ МИЁНИ ДАСТАҲОИ «ШАҲРАКИ 192–193» ВА «БИНОКОРОН» БАХШИДА БА РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Имрӯз дар доираи нақшаи чорабиниҳои муштараки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Шоҳмансур дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии «Мактаби варзишии ноҳия» мусобиқаи футбол бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни ҷавонону сокинони шаҳраку маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия баргузор гардид.
Дар доираи мусобиқа дастаҳои футболбоз аз шаҳраку маҳаллаҳои ноҳия барои ба даст овардани мақоми ғолибият бо ҳам рақобат намуда, маҳорати варзишӣ, омодагии ҷисмонӣ ва маҳорати даставии худро нишон доданд.
Имрӯз бозии ниҳоии мусобиқа миёни дастаҳои «Шаҳраки 192–193» ва «Бинокорон» баргузор гардида, мухлисону ҳаводорони футбол шоҳиди рақобати ҷолибу шавқовар гардиданд. Дар натиҷаи бозӣ дастаи «Бинокорон» бо нишон додани маҳорати баланди варзишӣ ва бозии дастаҷамъона бо ҳисоби 3:1 бар дастаи рақиб ғолиб омада, сазовори ҷойи якум ва унвони ғолиби мусобиқа гардид.