Баргузории чорабинии фарҳангӣ – фароғатӣ ва варзишӣ таҳти унвони “Ифихори Тоҷикистон – ҷавонон”
Дар партави сиёсати хирадмандона ва ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ва ташаббусҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва Рӯзи ҷаҳонии футбол имрӯз дар “Майдони 800-солагии Москва”-и назди Театри давлатии драмавии опера ва балети ба номи С.Айнӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ – фароғатӣ ва варзишӣ таҳти унвони “Ифихори Тоҷикистон – ҷавонон” баргузор гардид. Дар чорабинӣ муовини якуми Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Насимҷон Анваров, муовини Раиси шаҳри Душанбе Меҳриддин Тоҳирзода, муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сураҷ Чоршанбезода ва Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Сафар Маҳмадшо иштирок ва сухаронӣ намуданд. Ҳамоиши тантанавӣ бо табрикоти намояндаи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Насимҷон Анваров оғоз гардида, аз ҷумла зикр намуд, ки ҷавононро мебояд амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоят карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамини биҳиштосо – Тоҷикистони азиз бошанд. Инчунин муовини Раиси шаҳри Душанбе Меҳриддин Тоҳирзода дар баромади худ қайд намуд, ки Таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон аз падидаҳои соҳибистиқлолии мамлакат буда, он ба хотири дастгирии насли ояндасози кишвар бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардидааст. Дар идомаи ҷорабинӣ Муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сураҷ Чоршанбезода зикр намуд, ки ҷавонон неруи созандаи Ватан буда, нақши онҳо дар тараққиёти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа бисёр арзишманд ва назаррас буда, имрӯзҳо ҷавонон дар рушди давлат ва ободии Ватан саҳмгузоранд. Ҳамзамон Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Сафар Маҳмадшо тамоми ҷавононро кишварро ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва Рӯзи ҷаҳонии футбол табрику таҳният гуфта, қайд намуд, ки ҷавонон неруи бузурги созанда, соҳибмаърифат ва ватандӯсти ҷомеа буда, дар рушду шукуфоии ноҳия ва муаррифии он дар сатҳи ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ саҳми арзанда доранд. Пас аз табрикоту суханрониҳои расмӣ аз ҷониби роҳбарияти ноҳия ба як қатор ҷавонони фаъол, варзишгарони ғолиб, донишҷӯёни пешқадам Диплом, Ифтихорномаҳо, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид. Мавриди зикр аст, ки бахши фарҳангии чорабинӣ бо як шукуҳи хосса баргузор гардид. Барномаҳои консертӣ дарбаргирандаи тараннуми ҷавонӣ ва ватанпарварӣ буда, ҳунармандони номдори кишвар сурудҳои ватандӯстона замзама намуда, ансамблҳои рақсӣ бо рақсҳои дилрабои худ ба маҳфил намои дигар бахшиданд. Чорабинии фарҳангӣ – фароғатӣ ва варзишӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва Рӯзи ҷаҳонии футбол дар руҳияи баланди ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва ҳамбастагиву якдилӣ ба анҷом расид.