15px

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Суханрониҳо
    • Сафарҳои дохилӣ
    • Сафарҳои хориҷӣ
    • Фармонҳо
    • Паёмҳо
    • Барқияҳо
    • Суҳбатҳои телефонӣ
    • Аксҳо
  • Маъмурият
    • Раис
    • Муовинони Раис
    • Дастгохи раис
  • Тақсимоти маъмурӣ
    • Шиносномаи ноҳия
    • Соҳаи комуналӣ
    • Соҳаи иқтисодӣ
    • Соҳаи иҷтимоӣ
    • Соҳаи дин
    • Маориф
    • Тандрустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон ва варзиш
    • Кор бо занон
    • Меъморӣ ва шаҳрсозӣ
    • Ҳунарҳои мардумӣ
  • Аз паём то паём
  • Стратегия
  • Душанбе — пойтахт
  • Нақшаи кулл
  • Нома ба Раис
  • Эълонҳо
  • Тамос
  1. Асоси

БАРГУЗОРИИ ДАВРИ ДУЮМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ҲУНАРМАНДИ СОЛ»

Имрӯз бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Маркази байналмилалии намоишгоҳии «Dushanbe EXPO» даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» баргузор гардид.
Дар доираи озмуни мазкур намунаҳои гуногуни ҳунарҳои мардумӣ, маҳсули эҷоди ҳунармандон ва дастовардҳои онҳо ба намоиш гузошта шуданд. Дар ин намоишгоҳ намояндагони ноҳияи Шоҳмансур низ фаъолона иштирок намуда, маҳсули ҳунарҳои дастӣ ва маҳсулоти офаридаи ҳунармандони ноҳияро ба маърази тамошо гузоштанд, ки ин имконияти хуб барои муаррифии ҳунару маҳорати онҳо ва дастовардҳои соҳаи ҳунармандӣ гардид.
Мавриди зикр аст, ки баргузории чунин озмунҳо ба муаррифии ҳунарҳои миллӣ, эҳёи анъанаҳои мардумӣ, рушди ҳунармандӣ, дарёфти ҳунармандони соҳибистеъдод ва дастгирии фаъолияти онҳо мусоидат намуда, барои нигоҳдошту густариши мероси фарҳангии халқи тоҷик заминаи мусоид фароҳам меорад.