Ба таваҷҷуҳи хонандагон, омӯзгорон ва роҳбарони муассисаҳои таълимии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе расонида мешавад, ки рӯзҳои 2, 3 ва 4 ноябри соли 2026 даври ноҳиявии олимпиадаи фаннӣ байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ баргузор мегардад.

Макон: МТМУ №102

Ҷадвали баргузории олимпиада:

2 ноябри соли 2026 (душанбе):
Забони давлатӣ, забони русӣ, забони англисӣ ва ҳуқуқ.

3 ноябри соли 2026 (сешанбе):
Забони русӣ, забони давлатӣ, таърих ва математика.

4 ноябри соли 2026 (чоршанбе):
Биология, география, технологияи иттилоотӣ, химия ва физика.

Олимпиада дар ду баст — субҳ ва нисфирӯзӣ, тибқи ҷадвали тасдиқгардида баргузор мегардад.

Аз роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва омӯзгорони масъул хоҳиш карда мешавад, ки иштироки хонандагонро таъмин намуда, онҳоро ба олимпиада омода созанд.

Ба ҳамаи иштирокчиён барору комёбӣ, дониши мукаммал ва натиҷаҳои назаррас таманно дорем!