Имрӯз дар толори фарҳангии Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов бо иштироки муовини Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Заррина Зуҳурзода, ҳайати ҳакамон, омӯзгорон ва иштирокчиёни озмуни шаҳрии «Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе!» даври ноҳиявии озмун оғоз гардид.
Чорабиниро муовини Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Заррина Зуҳурзода ифтитоҳ намуда, зимни суханронӣ қайд карданд, ки озмуни шаҳрии «Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе!» бо қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 3 июни соли 2026, №431 ва қарори Раиси ноҳияи Шоҳмансур муҳтарам Олимзода Сафар Маҳмадшо аз 23 сентябри соли 2026, №95 бо мақсади баланд бардоштани завқи бадеӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфт ва муаррифии чеҳраҳои нави суханвару сухандони дорои маҳорати баланди ровигию наттоқӣ, ташаккули истеъдод ва ҳунари наврасону ҷавонон ва дигар қишрҳои ҷомеа, инчунин фароҳам овардани шароити мусоиди эҷод ва пешниҳоди шеъру сурудҳои таҷассумкунандаи марҳалаи нави ободкориву созандагӣ ва рушди бемайлони пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе баргузор мегардад.
Даври ноҳиявии озмун байни хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, таълимгирандагони муассисаҳои таҳсилоти иловагии соҳаи маориф, санъат ва мусиқии ҳудуди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, омӯзгорон ва дигар кормандони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, эҷодкорону ҳаваскорон ва намояндагони дигар қишрҳои ҷомеа, ки дар ҳудуди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе зиндагӣ ва фаъолият менамоянд, аз рӯйи чор номинатсия: «Эҷоди шеъри беҳтарин дар васфи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе», «Қироати беҳтарин шеър дар васфи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе», «Иҷрои суруди беҳтарин дар васфи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе» ва «Иҷрои суруди беҳтарини гурӯҳӣ дар васфи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе» баргузор мегардад.