Имрӯз дар доираи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби масъулини Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Шоҳмансур бо тарбиятгирандагони Муассисаи давлатии «Мактаби варзишии ноҳияи Шоҳмансур» пеш аз оғози тамринҳои варзишӣ хониши сиёсӣ ва суҳбату вохӯрӣ баргузор гардид. Дар рафти вохӯрӣ ба масъалаҳои муҳими сиёсиву иҷтимоии кишвар, баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии ҷавонон, инчунин тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.
Ҳамзамон, таъкид гардид, ки ҷавонон ҳамчун нерӯи созанда ва ояндаи давлат бояд бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, интизом ва худогоҳии миллӣ дар ҳаёти ҷомеа фаъолона иштирок намоянд. Риояи тартибу интизом, муносибати ҷиддӣ ба таҳсилу тамрин ва истифодаи самараноки имкониятҳои фароҳамгардида барои такмили маҳорат аз омилҳои муҳими ташаккули насли солим ва соҳибмаърифат ба ҳисоб мераванд. Чунин вохӯриҳо ба баланд бардоштани ҷаҳонбинӣ, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи худшиносии миллӣ мусоидат менамоянд.