15px

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Суханрониҳо
    • Сафарҳои дохилӣ
    • Сафарҳои хориҷӣ
    • Фармонҳо
    • Паёмҳо
    • Барқияҳо
    • Суҳбатҳои телефонӣ
    • Аксҳо
  • Маъмурият
    • Раис
    • Муовинони Раис
    • Дастгохи раис
  • Тақсимоти маъмурӣ
    • Шиносномаи ноҳия
    • Соҳаи комуналӣ
    • Соҳаи иқтисодӣ
    • Соҳаи иҷтимоӣ
    • Соҳаи дин
    • Маориф
    • Тандрустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон ва варзиш
    • Кор бо занон
    • Меъморӣ ва шаҳрсозӣ
    • Ҳунарҳои мардумӣ
  • Аз паём то паём
  • Стратегия
  • Душанбе — пойтахт
  • Нақшаи кулл
  • Нома ба Раис
  • Эълонҳо
  • Тамос
  1. Асоси

БАРГУЗОРИИ МУЛОҚОТУ ВОХӮРӢ БО АФСАРОНУ САРБОЗОНИ ҚИСМИ ҲАРБИИ 0122 ҚӮШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Имрӯз дар доираи Нақшаи муштараки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ, ифтихор аз давлату давлатдорӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, таҳкими дӯстӣ миёни ҷавонон, шиносоӣ бо шароити хизматии сарбозону афсарон ва ҷалби ҷавонон ба хизмати Ватан — Модар, дар қисми ҳарбии 0122 Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои кушод ва саёҳати донишҷӯёни Коллеҷи омӯзгории ба номи Х. Махсумоваи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Парчамат бодо парафшон, Тоҷикистони азиз!» баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Директори муассиса, намояндаи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Шоҳмансур, роҳбарият, ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни муассисаи таълимӣ, инчунин роҳбарият ва ҳайати шахсии қисми ҳарбӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни суханрониҳо нақши Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи соҳибистиқлолӣ, ваҳдати миллӣ, сарҷамъӣ ва ифтихори ватандорӣ таъкид гардида, ҷавонон ба дӯст доштани Ватан, ҳифзи марзу буми кишвар, эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ ва садоқат ба давлату миллат ҳидоят карда шуданд.
Ҳамзамон, донишҷӯён бо шароити хизматии сарбозону афсарон, тартиби рӯзмарраи хизмати ҳарбӣ ва имкониятҳои буду боши хизматчиёни ҳарбӣ шинос шуда, аз қисматҳои гуногуни қисми ҳарбӣ дидан намуданд.
Чунин иқдомҳо дар таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ, инчунин тақвияти робитаи насли ҷавон бо хизматчиёни ҳарбӣ нақши муҳим мегузоранд.