Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва супориши бевоситаи Раиси ноҳияи Шоҳмансур муҳтарам Олимзода Сафар Маҳмадшо, дар маҳаллаи «Гулобод»-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо иштироки гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия мулоқоту вохӯрӣ бо усули «маҳал ба маҳал» баргузор гардид. Дар он мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия, мутахассиси пешбари шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа ва намояндагони дигар шуъбаву бахшҳои ноҳия иштирок намуда, вобаста ба масъалаҳои муҳими рӯз суханронӣ намуданд.
Зимни вохӯрӣ оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ ва пешгирӣ аз бегонапарастӣ миёни аҳолӣ, мусоидат дар пешгирии хариду фурӯши одамон ва нашъамандӣ, муқовимат ба омилҳои коррупсионӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ташаккули худшиносӣ ва зиракии сиёсӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ, риояи одоби шаҳрнишинӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз ҷудошавии оилаҳои ҷавон, саҳмгузорӣ дар ободониву созандагии Ватан, риоя ва дар амал татбиқ намудани қонунгузории миллӣ ва дигар масъалаҳои муҳими ҷомеа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.