Имрӯз дар асоси нақшаи чорабиниҳои Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии «Мактаби варзишии №1»-и ноҳияи Шоҳмансур мусобиқаҳои дохилимуассисавӣ оид ба намудҳои гӯштини самбо ва муай-тай миёни наврасону ҷавонон баргузор гардиданд.
Ҳадафи асосии баргузории мусобиқаҳо тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби наврасону ҷавонон ба машғулиятҳои мунтазами варзишӣ, рушди маҳорати касбӣ ва омодагии ҷисмонии онҳо, инчунин дарёфти варзишгарони болаёқат ва фароҳам овардани замина барои иштироки онҳо дар мусобиқаҳои минбаъда мебошад.
Зимни мусобиқаҳо наврасону ҷавонон маҳорати варзишӣ, омодагии ҷисмонӣ, иродаи қавӣ ва риояи одоби варзиширо нишон дода, барои ба даст овардани ҷойҳои ифтихорӣ рақобат намуданд.
Дар фарҷоми мусобиқа ба ғолибон ва ҷоизадорон медал, диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардида, иштирокчиён барои идомаи машқу тамрин ва ба даст овардани дастовардҳои нави варзишӣ ҳавасманд гардонида шуданд.