15px

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Суханрониҳо
    • Сафарҳои дохилӣ
    • Сафарҳои хориҷӣ
    • Фармонҳо
    • Паёмҳо
    • Барқияҳо
    • Суҳбатҳои телефонӣ
    • Аксҳо
  • Маъмурият
    • Раис
    • Муовинони Раис
    • Дастгохи раис
  • Тақсимоти маъмурӣ
    • Шиносномаи ноҳия
    • Соҳаи комуналӣ
    • Соҳаи иқтисодӣ
    • Соҳаи иҷтимоӣ
    • Соҳаи дин
    • Маориф
    • Тандрустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон ва варзиш
    • Кор бо занон
    • Меъморӣ ва шаҳрсозӣ
    • Ҳунарҳои мардумӣ
  • Аз паём то паём
  • Стратегия
  • Душанбе — пойтахт
  • Нақшаи кулл
  • Нома ба Раис
  • Эълонҳо
  • Тамос
  1. Асоси

БАРГУЗОРИИ МУСОБИҚАИ ВАРЗИШӢ АЗ РӮЙИ НАМУДҲОИ ШАШКА ВА ШОҲМОТ БО УСУЛИ «МАҲАЛЛА БА МАҲАЛЛА» ДАР НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Дар доираи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, аз ҷониби Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Шоҳмансур дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии «Мактаби варзишии №1»-и ноҳияи Шоҳмансур мусобиқаи варзишӣ аз рӯйи намудҳои шашка ва шоҳмот бо усули «маҳалла ба маҳалла» миёни наврасону ҷавонон ва сокинони ҳудуди ноҳия баргузор гардид.
Ҳадафи асосии баргузории мусобиқа тарғиби тарзи ҳаёти солим, рушди тафаккури зеҳнӣ, баланд бардоштани маҳорати варзишии наврасону ҷавонон, ҷалби онҳо ба машғулиятҳои мунтазами варзишӣ, инчунин таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагӣ миёни сокинони маҳаллаҳои ноҳия мебошад.