15px

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Суханрониҳо
    • Сафарҳои дохилӣ
    • Сафарҳои хориҷӣ
    • Фармонҳо
    • Паёмҳо
    • Барқияҳо
    • Суҳбатҳои телефонӣ
    • Аксҳо
  • Маъмурият
    • Раис
    • Муовинони Раис
    • Дастгохи раис
  • Тақсимоти маъмурӣ
    • Шиносномаи ноҳия
    • Соҳаи комуналӣ
    • Соҳаи иқтисодӣ
    • Соҳаи иҷтимоӣ
    • Соҳаи дин
    • Маориф
    • Тандрустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон ва варзиш
    • Кор бо занон
    • Меъморӣ ва шаҳрсозӣ
    • Ҳунарҳои мардумӣ
  • Аз паём то паём
  • Стратегия
  • Душанбе — пойтахт
  • Нақшаи кулл
  • Нома ба Раис
  • Эълонҳо
  • Тамос
  1. Асоси

БАРГУЗОРИИ МУСОБИҚАИ ВАРЗИШӢ АЗ РӮЙИ НАМУДИ ТЕННИСИ РӮИ МИЗ БАЙНИ КОРМАНДОНИ ТАШКИЛОТУ МУАССИСАҲОИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Дар доираи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, аз ҷониби Муассисаи давлатии «Мактаби варзишии №1»-и ноҳияи Шоҳмансур дар ҳамкорӣ бо бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия мусобиқаи варзишӣ аз рӯйи намуди тенниси рӯи миз байни кормандони ташкилоту муассисаҳо баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, оммавигардонии варзиш, рушди ин намуди бозӣ ва ҷалби бештари кормандони соҳаҳои гуногун ба машғулиятҳои ҷисмонӣ ташкил ва гузаронида шуд.
Дар ин мусобиқаи ҷолиб ва пуршараф намояндагони ташкилоту муассисаҳои ҳудуди ноҳия фаъолона иштирок карда, маҳорати баланд, чолокӣ ва омодагии хуби ҷисмонии худро ба намоиш гузоштанд. Бозиҳо дар руҳияи дӯстӣ ва рақобати солим сурат гирифта, ба ғолибон ва иштирокчиёни фаъол, ки ҷойҳои ифтихориро сазовор шуданд, аз ҷониби ташкилкунандагон ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.