15px

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Суханрониҳо
    • Сафарҳои дохилӣ
    • Сафарҳои хориҷӣ
    • Фармонҳо
    • Паёмҳо
    • Барқияҳо
    • Суҳбатҳои телефонӣ
    • Аксҳо
  • Маъмурият
    • Раис
    • Муовинони Раис
    • Дастгохи раис
  • Тақсимоти маъмурӣ
    • Шиносномаи ноҳия
    • Соҳаи комуналӣ
    • Соҳаи иқтисодӣ
    • Соҳаи иҷтимоӣ
    • Соҳаи дин
    • Маориф
    • Тандрустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон ва варзиш
    • Кор бо занон
    • Меъморӣ ва шаҳрсозӣ
    • Ҳунарҳои мардумӣ
  • Аз паём то паём
  • Стратегия
  • Душанбе — пойтахт
  • Нақшаи кулл
  • Нома ба Раис
  • Эълонҳо
  • Тамос
  1. Асоси

БАРГУЗОРИИ МУСОБИҚАИ ВАРЗИШӢ АЗ РӮЙИ НАМУДИ ВОЛЕЙБОЛ БАЙНИ КОРМАНДОНИ ТАШКИЛОТУ МУАССИСАҲОИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Дар доираи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии «Мактаби варзишии №1» дар ҳамкорӣ бо бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия мусобиқаи варзишӣ аз рӯйи намуди волейболро байни кормандони ташкилоту муассисаҳои ноҳияи Шоҳмансур баргузор намуд.
Чорабинии мазкур бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, оммавигардонии спорт ва ҷалби бештари кормандони соҳаҳои гуногун ба машғулиятҳои ҷисмонию солимгардонӣ ташкил карда шуд. Бозиҳо дар руҳияи баланди варзишӣ ва рақобати солим сурат гирифта, барои мустаҳкам намудани алоқаи дӯстӣ ва ҳамкории байни кормандон заминаи мусоид гузоштанд.
Дар рафти мусобиқа дастаҳои иштирокчӣ маҳорати баланди тактикӣ ва омодагии ҷисмонии худро ба намоиш гузошта, барои ба даст овардани ҷойҳои ифтихорӣ ва шарафи муассисаҳои худ то сонияҳои охир талош варзиданд. Ин ташаббус на танҳо ба рушди волейбол дар ноҳияи Шоҳмансур мусоидат намуд, балки ҳавасмандии кормандони соҳаҳои мухталифро ба варзиши мунтазам дучанд кард.