15px

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Суханрониҳо
    • Сафарҳои дохилӣ
    • Сафарҳои хориҷӣ
    • Фармонҳо
    • Паёмҳо
    • Барқияҳо
    • Суҳбатҳои телефонӣ
    • Аксҳо
  • Маъмурият
    • Раис
    • Муовинони Раис
    • Дастгохи раис
  • Тақсимоти маъмурӣ
    • Шиносномаи ноҳия
    • Соҳаи комуналӣ
    • Соҳаи иқтисодӣ
    • Соҳаи иҷтимоӣ
    • Соҳаи дин
    • Маориф
    • Тандрустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон ва варзиш
    • Кор бо занон
    • Меъморӣ ва шаҳрсозӣ
    • Ҳунарҳои мардумӣ
  • Аз паём то паём
  • Стратегия
  • Душанбе — пойтахт
  • Нақшаи кулл
  • Нома ба Раис
  • Эълонҳо
  • Тамос
  1. Асоси

БАРГУЗОРИИ МУСОБИҚАИ ВАРЗИШИИ НОҲИЯВӢ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО МИЁНИ НАВРАСОНУ ҶАВОНОН БАХШИДА БА РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар доираи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия мусобиқаи варзишии ноҳиявӣ оид ба гӯштини ҷудо миёни наврасону ҷавонон бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Мусобиқаро мудири Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ифтитоҳ намуда, зимни суханронии худ оид ба аҳаммияти варзиш дар тарбияи насли солиму неруманд, нақши ҷавонон дар рушди ҷомеа ва зарурати ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба машғулиятҳои варзишӣ ибрози андеша намуд. Ҳамзамон, ба иштирокчиёни мусобиқа барору комёбӣ, маҳорати баланд, рӯҳияи қавии варзишӣ ва ғалабаҳои пайдарпай орзу намуд.
Чорабинии мазкур бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, рушди варзиш миёни наврасону ҷавонон, дарёфти варзишгарони болаёқат, баланд бардоштани маҳорати касбии онҳо ва таҳкими ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ роҳандозӣ карда шуд.
Бояд қайд намуд, ки рушди соҳаи варзиш ва фароҳам овардани шароити мусоид барои иштироки наврасону ҷавонон дар мусобиқаҳои варзишӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти сохторҳои марбута ба ҳисоб рафта, барои тарбияи насли солим, фаъол ва ватандӯст мусоидат менамояд.
Дар ҷараёни мусобиқа варзишгарони наврасу ҷавон аз рӯйи вазнҳои муайян байни ҳам рақобат намуда, маҳорати варзишӣ, чолокӣ, матонат, иродаи қавӣ ва риояи одоби варзиширо нишон доданд.
Дар фарҷоми мусобиқа ғолибону ҷоизадорон бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.