15px

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Суханрониҳо
    • Сафарҳои дохилӣ
    • Сафарҳои хориҷӣ
    • Фармонҳо
    • Паёмҳо
    • Барқияҳо
    • Суҳбатҳои телефонӣ
    • Аксҳо
  • Маъмурият
    • Раис
    • Муовинони Раис
    • Дастгохи раис
  • Тақсимоти маъмурӣ
    • Шиносномаи ноҳия
    • Соҳаи комуналӣ
    • Соҳаи иқтисодӣ
    • Соҳаи иҷтимоӣ
    • Соҳаи дин
    • Маориф
    • Тандрустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон ва варзиш
    • Кор бо занон
    • Меъморӣ ва шаҳрсозӣ
    • Ҳунарҳои мардумӣ
  • Аз паём то паём
  • Стратегия
  • Душанбе — пойтахт
  • Нақшаи кулл
  • Нома ба Раис
  • Эълонҳо
  • Тамос
  1. Асоси

БАРГУЗОРИИ ОЗМУНИ ИНШОИ БЕҲТАРИН ДАР МАВЗУИ "НАЗОРАТИ МАВОДИ НАШЪОВАР ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ-ОМИЛИ МУҲИМИ ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ" ДАР БАЙНИ ХОНАНДАГОН

25 сентябри соли 2026 дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №65 аз ҷониби Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо мақсади таъмини иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин ҷиҳати амалишавии “Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни “Иншои беҳтарин”–ро дар мавзуи “Назорати маводи нашъовар дар даврони Истиқлоли давлатӣ-омили муҳими таъмини амнияти миллӣ” дар байни хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳия оғоз гардид.
Дар маросими оғози озмун сардори шуъбаи назорати муомилоти маводи нашъовар ва пешгирии нашъамандии ситоди Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саломзода Саодат, кормандони Агентӣ Давлатзода Малоҳат, Ғафурова Маҳбуба, Икромов Асрориддин, мудири шуъбаи маориф Бобозода Асомиддин, мудири Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Шоҳмансур Исматов Анушервон, омӯзгорон ва зиёда аз 100 нафар хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Дар оғоз, аз ҷониби масъулон зикр гардид, ки гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир яке аз омилҳои хатарнок ва зиёновар ба ҳаёти инсонӣ буда, боиси афзоиши бемории нашъамандӣ гардида, зарари он ба генофонди миллат таҳдид менамояд.
Имрӯз муомилоти ғайриқонунии маводҳои нави синтетикии нашъаовар низ яке аз таҳдидҳои ҷаҳони муосир ба шумор рафта, ҷараёни он босуръат густариш ёфта истодааст. Ин зуҳуроти номатлуб тӯли чанд сол аст, ки аксар кишварҳои сайёраро, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ташвиш овардааст. Имрӯз густариши муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ба яке аз мушкилоти ҷиддии ҷаҳонӣ табдил ёфтааст, ки ба пояҳои иҷтимоию иқтисодии ҷомеа ва саломатии башарият таҳдид менамояд.
Тавре маълум аст, дар бештари маврид маҳз беҳудагардиву дур аз назорати волидайн будани ноболиғон боиси ба ҳар гуна роҳҳои хато рафтани онҳо мегардад.
Аз ин лиҳоз, падару модаронро лозим аст, ки ҳама гуна рафтору кирдори фарзандонашонро зери назорат гиранд, то ки ягон лаҳзаи умри онҳо беҳуда сарфи корҳои зараровар нагардад.
Мубориза ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва пешгирии сӯиистеъмоли он ҳамкориҳои муштараку дастаҷамъонаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ, вазорату идораҳо ва ҳар як сокини бонангу номуси кишварро талаб менамояд.
Бояд қайд намуд, ки ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур боз ҳам баланд бардоштани маълумотнокии хонандагон оид ба оқибат ва хатари истеъмоли маводи нашъадор ва ҷалби ҷавонону наврасон ба хониш ва тарзи ҳаёти солим мебошад.
Озмун 2 октябри соли равон ҷамъбаст гардида, ғолибон муайян ва бо тӯҳфаҳои хотиравӣ аз номи Агентӣ қадрдонӣ карда мешаванд.