Имрӯз дар асоси қарори Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе аз 10 сентябри соли 2026, № 88, барои баргузор намудани озмуни стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур барои соли хониши 2026–2027 оғоз гардид. Озмуни мазкур то 18 октябри соли 2026 идома ёфта, барои муайян намудани хонандагони болаёқат, дастгирии ҷавонони соҳибистеъдод ва ҳавасмандгардонии онҳо ба донишомӯзӣ равона гардидааст.
Дар оғози озмун масъулини соҳа Исматов Анушервон мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Шоҳмансур, Гулзод Маҳкамбой мудири бахши ҷавонони Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, Бобозода Асомиддин мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Шоҳмансур, Зиёдуллозода Суҳроб директори Муассисаи давлатии «Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияи Шоҳмансур» ва намояндагони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, доир ба тартиби баргузории озмун ва аҳаммияти он дар дастгирии хонандагони лаёқатманд андешаронӣ карданд.
Зикр гардид, ки баргузории чунин озмунҳо барои дарёфт ва дастгирии хонандагони соҳибистеъдод, баланд бардоштани завқи донишомӯзӣ, тақвияти ҳисси масъулиятшиносӣ ва фароҳам овардани заминаи мусоид барои рушди қобилиятҳои зеҳнии наврасону ҷавонон нақши муҳим дорад.
Маврид ба зикр аст, ки озмуни мазкур барои муайян намудани хонандагони арзанда, ки бо дониши амиқ, ҷаҳонбинии васеъ ва қобилиятҳои баланди зеҳнӣ фарқ мекунанд, мусоидат намуда, онҳоро барои расидан ба дастовардҳои нави таълимӣ ҳавасманд месозад.