15px

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Суханрониҳо
    • Сафарҳои дохилӣ
    • Сафарҳои хориҷӣ
    • Фармонҳо
    • Паёмҳо
    • Барқияҳо
    • Суҳбатҳои телефонӣ
    • Аксҳо
  • Маъмурият
    • Раис
    • Муовинони Раис
    • Дастгохи раис
  • Тақсимоти маъмурӣ
    • Шиносномаи ноҳия
    • Соҳаи комуналӣ
    • Соҳаи иқтисодӣ
    • Соҳаи иҷтимоӣ
    • Соҳаи дин
    • Маориф
    • Тандрустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон ва варзиш
    • Кор бо занон
    • Меъморӣ ва шаҳрсозӣ
    • Ҳунарҳои мардумӣ
  • Аз паём то паём
  • Стратегия
  • Душанбе — пойтахт
  • Нақшаи кулл
  • Нома ба Раис
  • Эълонҳо
  • Тамос
  1. Асоси

БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ВОБАСТА БА МАСЪАЛАҲОИ АНДОЗ, АНДОЗСУПОРӢ ВА РАҚАМИКУНОНИИ ХИЗМАТРАСОНИҲОИ АНДОЗӢ

Имрӯз, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе семинари омӯзишӣ вобаста ба масъалаҳои андоз, андозсупорӣ ва рақамикунонии хизматрасониҳои андозӣ баргузор гардид.
Дар кори семинар муовини раиси ноҳияи Шоҳмансур Зуҳурзода Заррина, сардори шуъбаи хизматрасонӣ ва андозсупорандагони Раёсати андози шаҳри Душанбе Алимадов Саъдулло ва сармутахассиси Раёсати андози шаҳри Душанбе Абдураҳмонзода Фарҳод иштирок намуданд.
Инчунин, дар семинар сардорони раёсату шуъбаҳо ва мудирони бахшу сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур, роҳбарони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, директорони муассисаҳои таълимӣ, мудирони муассисаҳои томактабӣ ва дигар шахсони масъули ноҳия фаъолона иштирок доштанд.
Зимни семинар масъалаҳои марбут ба талаботи қонунгузории андоз, тартиби дурусти андозсупорӣ, иҷрои уҳдадориҳои андозсупорандагон ва истифодаи хизматрасониҳои электронии андоз мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ба иштирокчиён оид ба имкониятҳои рақамикунонии хизматрасониҳои андозӣ ва тартиби истифодаи онҳо маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд.
Дар анҷом, иштирокчиёни семинар ба ҳамаи саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.