15px

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Суханрониҳо
    • Сафарҳои дохилӣ
    • Сафарҳои хориҷӣ
    • Фармонҳо
    • Паёмҳо
    • Барқияҳо
    • Суҳбатҳои телефонӣ
    • Аксҳо
  • Маъмурият
    • Раис
    • Муовинони Раис
    • Дастгохи раис
  • Тақсимоти маъмурӣ
    • Шиносномаи ноҳия
    • Соҳаи комуналӣ
    • Соҳаи иқтисодӣ
    • Соҳаи иҷтимоӣ
    • Соҳаи дин
    • Маориф
    • Тандрустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон ва варзиш
    • Кор бо занон
    • Меъморӣ ва шаҳрсозӣ
    • Ҳунарҳои мардумӣ
  • Аз паём то паём
  • Стратегия
  • Душанбе — пойтахт
  • Нақшаи кулл
  • Нома ба Раис
  • Эълонҳо
  • Тамос
  1. Асоси

БАРГУЗОРИИ ШАНБЕГИИ ДАСТАҶАМЪОНА ДАР НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Имрӯз дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо мақсади вусъат бахшидан ба корҳои ободониву созандагӣ ва тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист шанбегии дастаҷамъона баргузор гардид.
Дар он кормандони муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ, томактабӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои ҳудуди ноҳия фаъолона иштирок намуда, атрофи муассисаҳо, кӯчаю роҳравҳо ва қитъаҳои вобасташударо аз партовҳо тоза карда, ба корҳои кабудизоркунӣ, нармкунии бехи дарахтон ва нигоҳубини гулу ниҳолҳо машғул шуданд.
Шанбегии дастаҷамъона бо иштироки васеи кормандон идома ёфта, ба беҳтар намудани ҳолати санитарӣ, тозаву озода ва ободу зебо нигоҳ доштани ҳудуди ноҳия мусоидат намуд. Таъкид гардид, ки ҷалби мунтазами кормандони ташкилоту муассисаҳо ба чунин корҳои дастаҷамъона дар баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносӣ нисбат ба муҳити зист ва саҳмгузорӣ дар ободонии пойтахт нақши муҳим дорад.