Имрӯз дар Варзишгоҳи «Авиатор» бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2017, №970 «Дар бораи Низомномаи мудофиаи ҳудудӣ» бо ҷалби зиёда аз 2500 нафар афсарони дар эҳтиёт қарор дошта, тамрини мудофиаи ҳудудӣ доир гардид.
Дар чорабинии мазкур намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур, Комиссариати ҳарбии ноҳия, инчунин афсарони эҳтиётӣ ва захираҳои сафарбарӣ иштирок намуданд.
Зимни баргузории тамрин сатҳи омодабошии ҳайати шахсӣ мавриди санҷиш қарор гирифта, масъалаҳои вобаста ба ҳифзи марзу буми кишвар, ҳимояи Истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ таъкид гардид.
Дар фарҷоми тамрин дар Комиссариати ҳарбии ноҳияи Шоҳмансур ҷаласаи Ситоди корӣ баргузор гардида, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва баланд бардоштани сатҳи омодагӣ ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.