15px

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Суханрониҳо
    • Сафарҳои дохилӣ
    • Сафарҳои хориҷӣ
    • Фармонҳо
    • Паёмҳо
    • Барқияҳо
    • Суҳбатҳои телефонӣ
    • Аксҳо
  • Маъмурият
    • Раис
    • Муовинони Раис
    • Дастгохи раис
  • Тақсимоти маъмурӣ
    • Шиносномаи ноҳия
    • Соҳаи комуналӣ
    • Соҳаи иқтисодӣ
    • Соҳаи иҷтимоӣ
    • Соҳаи дин
    • Маориф
    • Тандрустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон ва варзиш
    • Кор бо занон
    • Меъморӣ ва шаҳрсозӣ
    • Ҳунарҳои мардумӣ
  • Аз паём то паём
  • Стратегия
  • Душанбе — пойтахт
  • Нақшаи кулл
  • Нома ба Раис
  • Эълонҳо
  • Тамос
  1. Асоси

БАРГУЗОРИИ ТАМРИНИ «МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ВА ЗАХИРАҲОИ САФАРБАРӢ» ДАР НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Субҳи имрӯз дар варзишгоҳи «Локомотив»-и шаҳри Душанбе тамрини «Мудофиаи ҳудудӣ ва захираҳои сафарбарӣ» баргузор гардид.
Дар доираи тамрин шаҳрвандони дар эҳтиёт қарордоштаи ҳудуди ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ҷалб карда шуда, дар он фаъолона иштирок намуданд.
Тамрин дар асоси банди 9-и Низомномаи «Мудофиаи ҳудудӣ», ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2017, №970 тасдиқ шудааст, инчунин мутобиқи Нақшаи сафарбарии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 декабри соли 2025, №ФП-1103 тасдиқ гардидааст, роҳандозӣ шуд.
Ҳадафи асосии тамрин баланд бардоштани сатҳи омодагии сафарбарӣ, таҳкими ҳамоҳангии фаъолияти сохторҳои дахлдор ва такмили малакаҳои амалии иштирокчиён дар самти иҷрои вазифаҳои мудофиаи ҳудудӣ мебошад.