15px

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Суханрониҳо
    • Сафарҳои дохилӣ
    • Сафарҳои хориҷӣ
    • Фармонҳо
    • Паёмҳо
    • Барқияҳо
    • Суҳбатҳои телефонӣ
    • Аксҳо
  • Маъмурият
    • Раис
    • Муовинони Раис
    • Дастгохи раис
  • Тақсимоти маъмурӣ
    • Шиносномаи ноҳия
    • Соҳаи комуналӣ
    • Соҳаи иқтисодӣ
    • Соҳаи иҷтимоӣ
    • Соҳаи дин
    • Маориф
    • Тандрустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон ва варзиш
    • Кор бо занон
    • Меъморӣ ва шаҳрсозӣ
    • Ҳунарҳои мардумӣ
  • Аз паём то паём
  • Стратегия
  • Душанбе — пойтахт
  • Нақшаи кулл
  • Нома ба Раис
  • Эълонҳо
  • Тамос
  1. Асоси

БАРГУЗОРИИ ВОХӮРИҲОИ БО УСУЛИ «МАКТАБ БА МАКТАБ» ДАР МТМУ №29 ВА №31-И НОҲИЯИ ШОҲМАНСУР

Дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Раиси ноҳия муҳтарам Олимзода Сафар Маҳмадшо, дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №29 ва №31-и ноҳияи Шоҳмансур бо усули «Мактаб ба мактаб» мулоқоту вохӯриҳо доир гардиданд.
Дар вохӯриҳо намояндагони КИ ҲХДТ дар ноҳия, Агентии назорати маводи нашъаовар, бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, инчунин гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо хонандагон ва волидайни онҳо суҳбатҳои муфид анҷом доданд.
Зимни мулоқотҳо татбиқи қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла қонунҳо «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи танзими ҷашну маросим», «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон», «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон», «Дар бораи мақоми омӯзгор» ва «Дар бораи энергетика» мавриди баррасӣ ва таъкид қарор гирифтанд. Инчунин, оид ба ҳадафҳои Стратегияи муқовимат ба коррупсия ва Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир барои давраи то соли 2030 ба зиёд намудани маълумоти ҳозирин таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Бахши муҳими вохӯриҳо ба пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, ҷинояткорӣ, нашъамандӣ ва хариду фурӯши одамон бахшида шуд. Масъулин оид ба баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ташаккули худшиносиву зиракии сиёсӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлатӣ, ҳифзи фарҳанги миллӣ, одоби шаҳрнишинӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон ва саҳмгузорӣ дар ободонии Ватан ибрози назар намуданд.