15px

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Суханрониҳо
    • Сафарҳои дохилӣ
    • Сафарҳои хориҷӣ
    • Фармонҳо
    • Паёмҳо
    • Барқияҳо
    • Суҳбатҳои телефонӣ
    • Аксҳо
  • Маъмурият
    • Раис
    • Муовинони Раис
    • Дастгохи раис
  • Тақсимоти маъмурӣ
    • Шиносномаи ноҳия
    • Соҳаи комуналӣ
    • Соҳаи иқтисодӣ
    • Соҳаи иҷтимоӣ
    • Соҳаи дин
    • Маориф
    • Тандрустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон ва варзиш
    • Кор бо занон
    • Меъморӣ ва шаҳрсозӣ
    • Ҳунарҳои мардумӣ
  • Аз паём то паём
  • Стратегия
  • Душанбе — пойтахт
  • Нақшаи кулл
  • Нома ба Раис
  • Эълонҳо
  • Тамос
  1. Асоси

БАРГУЗОРИИ ВОХӮРИИ ИТТИЛООТИВУ ФАҲМОНДАДИҲӢ ОИД БА ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ «КОРТИ ШАҲРӢ» ДАР НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШҲАРИ ДУШАНБЕ

16 июни соли равон дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе вохӯрии иттилоотиву фаҳмондадиҳӣ оид ба татбиқи лоиҳаи «Корти шаҳрӣ» ва тақвияти ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо мақсади таъмии иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023, №586 «Дар бораи вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» ва қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 31 июли соли 2017, №419 «Дар бораи ҷорӣ намудани низоми пардохти электронии роҳкиро ва назорати он дар нақлиёти мусофирбари автомобилии истифодаи умуми шаҳри Душанбе» ташкил ва баргузор карда шуд. Аз ҷониби намояндаи лоиҳаи “Корти шаҳрӣ” Нурмуҳаммад Сафолов қайд гардид, ки ба истифодабарандагони нақлиёти ҷамъиятӣ кортҳои нақлиётӣ бо тарофаҳои мушаххас пешниҳод шудаанд. Дар ин замина тарофаи “Хуш омадед” ҳамчун корти одӣ барои нақлиёти мусофирбарии истифодаи умум пешбинӣ шуда, пардохти роҳкиро дар он 1,80 сомониро ташкил медиҳад ва имтиёзу тахфифро дар бар намегирад, вале барои ин корт тарофаи “Тахфифӣ” бо 15 фоиз тахфиф амал мекунад, ки ҳангоми пур кардани тавозун ба маблағи зиёда аз 90 сомонӣ ба таври худкор фаъол гардида, нархи роҳкироро 1,53 сомонӣ мегардонад ва муҳлати истифодааш 90 рӯзи тақвимиро ташкил медиҳад. Ҳамчунин оид ба тарофаи “Донишҷӯ” бо 30 фоиз тахфиф, тарофаи “Наврас” бо 50 фоиз тахфиф барои наврасони аз 7 то 10-сола ва ба категорияҳои имтиёзнок тарофаи “Эҳтиром” бо ҳуқуқи 100 фоиз ройгон тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 12 декабри соли 2017, №777 барои нафақахӯрони синну солашон аз 75-сола боло ва дигар шахсоне, ки тибқи қонунгузории амалкунанда ҳуқуқи имтиёзи истифодаи ройгони нақлиёти ҷамъиятиро доранд, маълумоти муфассал манзур карда шуд. Намояндаи лоиҳа ҳамзамон оид ба тарофаҳои дарозмуддати хосса, аз ҷумла ба категорияҳои шаҳрванд тарофаҳои “Нимсолаи Шаҳрванд” ва “Солона Шаҳрванд”, ба хонанда тарофаҳои “Нимсола Хонанда” ва “Солона Хонанда” ва барои донишҷӯён тарофаҳои “Нимсола Донишҷӯ” ва “Солона Донишҷӯ” маълумот пешниҳод намуд. Дар хотимаи чорабинӣ аз тарафи кормандоне, ки аз нақлиёти ҷамъиятӣ истифода мебаранд, дархости корт карда шуда ба онҳо кортҳои нақлиётӣ дастрас карда шуданд ва ҳамзамон аз онҳо ҷиҳати истифодаи фаъолонаи воситаҳои электронии пардохт даъват ба амал оварда шуд.