15px

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Суханрониҳо
    • Сафарҳои дохилӣ
    • Сафарҳои хориҷӣ
    • Фармонҳо
    • Паёмҳо
    • Барқияҳо
    • Суҳбатҳои телефонӣ
    • Аксҳо
  • Маъмурият
    • Раис
    • Муовинони Раис
    • Дастгохи раис
  • Тақсимоти маъмурӣ
    • Шиносномаи ноҳия
    • Соҳаи комуналӣ
    • Соҳаи иқтисодӣ
    • Соҳаи иҷтимоӣ
    • Соҳаи дин
    • Маориф
    • Тандрустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон ва варзиш
    • Кор бо занон
    • Меъморӣ ва шаҳрсозӣ
    • Ҳунарҳои мардумӣ
  • Аз паём то паём
  • Стратегия
  • Душанбе — пойтахт
  • Нақшаи кулл
  • Нома ба Раис
  • Эълонҳо
  • Тамос
  1. Асоси

БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲО ВОБАСТА БА ИҶРОИ НАҚШАИ 35-СОЛАГӢ ВА ТАҲИЯИ НАҚШАИ 40-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Имрӯз дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии муовини якуми Раиси шаҳр Бахтиёр Шарифӣ, оид ба ҷамъбасти иҷрои Нақшаи чорабиниҳои корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳияи нақшаи 40-солагӣ, ҷаласаи гурӯҳи корӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа рафти иҷрои чорабиниҳо, корҳои боқимонда ва масъалаҳои марбут ба татбиқи онҳо баррасӣ шуданд.
Иҷрои Нақшаи 35-солагӣ дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе самарабахш ба роҳ монда шуда, дар доираи он 6 481 чорабинии сохтмонию навсозӣ ва ободонӣ амалӣ гардид. Ин нишондиҳанда аз нақшаи асосӣ 1,5 маротиба зиёд мебошад.
Дар ҷаласа ҳамчунин зарурати бартараф намудани камбудиҳо ва мушкилоти ҷойдошта ва таҳияи босифати Нақшаи чорабиниҳои 40-солагӣ таъкид гардида, сохторҳои шаҳрӣ ва ноҳияҳо вазифадор шуданд, ки пешниҳодҳои худро барои солҳои 2027–2031 сари вақт омода намуда, барои таҳияи нақшаи мукаммал ба Мақомот пешниҳод намоянд.