15px

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Суханрониҳо
    • Сафарҳои дохилӣ
    • Сафарҳои хориҷӣ
    • Фармонҳо
    • Паёмҳо
    • Барқияҳо
    • Суҳбатҳои телефонӣ
    • Аксҳо
  • Маъмурият
    • Раис
    • Муовинони Раис
    • Дастгохи раис
  • Тақсимоти маъмурӣ
    • Шиносномаи ноҳия
    • Соҳаи комуналӣ
    • Соҳаи иқтисодӣ
    • Соҳаи иҷтимоӣ
    • Соҳаи дин
    • Маориф
    • Тандрустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон ва варзиш
    • Кор бо занон
    • Меъморӣ ва шаҳрсозӣ
    • Ҳунарҳои мардумӣ
  • Аз паём то паём
  • Стратегия
  • Душанбе — пойтахт
  • Нақшаи кулл
  • Нома ба Раис
  • Эълонҳо
  • Тамос
  1. Асоси

БЕҲТАРИН ИСТИФОДАБАРАНДАИ ЗАМИНҲОИ НАЗДИҲАВЛИГИЮ ПРЕЗИДЕНТӢ ВА ХОҶАГИҲОИ ДЕҲҚОНИИ НОҲИЯ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

22/06/2026
Дар партави сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру раҳнамоиҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати таъмини амнияти озуқаворӣ, истифодаи самараноку оқилонаи ҳар як ваҷаб замин ва гирифтани ду-се ҳосил аз заминҳои обӣ, имрӯз дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупории даври ноҳиявии озмуни шаҳрии «Беҳтарин истифодабарандаи заминҳои наздиҳавлигию президентӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ» баргузор гардид.
Мақсад аз баргузории озмуни мазкур, пеш аз ҳама ҳавасмандгардонии сокинон ва кишоварзон баҳри истифодаи самарабахши замин, ҷорӣ намудани технологияҳои муосири парвариши зироатҳо, инчунин таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти тару тозаи ватанӣ ва коҳиш додани вобастагии воридот аз хориҷи кишвар ва саҳмгузорӣ дар баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум мебошад.
Дар маросими ҷоизасупорӣ муовини Раиси ноҳия Далер Раҳмонзода, кормандони мақомот, кишоварзони ноҳия ва ғолибони озмун иштирок доштанд.
Коммисияи салоҳиятдори озмун давоми моҳи сипаригашта аз заминҳои наздиҳавлигӣ, президентӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия дидан намуда, фаъолияти умумиро аз рӯйи талаботи Низомномаи озмун арзёбӣ намуда, ғолибонро муайян намуданд:
Дар номинатсияи “беҳтарин хоҷагиҳои деҳқонӣ”:
1. Мумин Оймаҳмадов, хоҷагии деҳқонии “Холмумин”, маҳаллаи Ҳалқаҷар сазовори ҷойи якум;
2. Нуриддин Абдуллоев, хоҷагии деҳқонии “Баракат - 98”, маҳаллаи Соҳибкорон сазовори ҷойи дуюм;
3. Фазлиддин Нуралиев, хоҷагии деҳқонии “Ҷамолиддин - 99”, маҳаллаи Гулкорон сазовори ҷойи сеюм.
Дар номинатсияи “беҳтарин замини президентӣ”:
1. Нурмуҳаммад Ҳамроқулов, маҳаллаи Деҳқонобод сазовори ҷойи якум;
2. Нозимҷон Туманов, маҳаллаи Деҳқонобод сазовори ҷойи дуюм;
3. Олимҷон Давлатов, маҳаллаи Деҳқонобод сазовори ҷойи сеюм.
Дар номинатсияи “беҳтарин хоҷагии наздиҳавлигӣ”:
1. Ҷуманазар Эргашов, маҳаллаи Ҷилмеҳроб сазовори ҷойи якум;
2. Азамҷон Ҷамолиддинов, маҳаллаи Ҷилмеҳроб сазовори ҷойи дуюм;
3. Ҳамроқул Буттаев, маҳаллаи Ҷилмеҳроб сазовори ҷойи сеюм.
Ёдовар мешавем, ки ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм бо дипломи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, инчунин туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.
Дар қисмати анҷомии маросим таъкид гардид, ки баргузории чунин озмунҳо ҳисси масъулиятшиносии сокинони ноҳияро нисбат ба заминдорӣ дучанд менамояд. Замин сарвати бебаҳост ва истифодаи оқилонаи он кафолати суботи иқтисодӣ ва фаровонии дастурхони ҳар як оила мебошад.