Дар маркази шаҳри Душанбе, дар ҳудуди ноҳияи Шоҳмансур, яке аз зеботарин ва замонавитарин боғҳои фарҳангию фароғатии пойтахт - Боғи «Куруши Кабир» ҷойгир аст.
Имрӯз ин макони дилнишин барои истироҳату фароғати сокинон, меҳмонону сайёҳоне, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меоранд, ба яке аз ҷойҳои ҷолибу диданӣ табдил ёфтааст.
Боғи «Куруши Кабир» 7 июни соли 2019 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ баъди корҳои пурраи азнавсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Таърихи навсозии боғ аз моҳи январи соли 2018 оғоз меёбад. Зимни боздид аз ин мавзеъ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пурра таҷдид намудани ҳудуди атрофи Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода буданд. Дар натиҷаи амалисозии ин ташаббус, дар муддати кӯтоҳ боғи замонавӣ бо тамоми шароити мусоид барои истироҳат ва фароғат бунёд гардид.
Масоҳати умумии боғ камтар аз панҷ гектарро ташкил медиҳад. Барои роҳати сокинону меҳмонон дар ин ҷо 22 даромадгоҳи хурд ва 4 даромадгоҳи калон сохт шудааст, ки дутои онҳо бо фаввораҳои зебо оро ёфтаанд. Ҳамчунин дар ду тарафи боғ амфитеатрҳои замонавӣ бунёд гардидаанд, ки барои баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ пешбинӣ шудаанд.
Дар ҳудуди боғ чор майдончаи истироҳатӣ, ду гулгашт бо фаввораҳо ва зиёда аз 90 нишастгоҳ барои истироҳати сокинон муҳайё гардидааст. Барои кӯдакон чор майдончаи бозӣ бо таҷҳизоти муосир сохта шуда, дӯстдорони варзиш метавонанд аз майдончаҳои футбол, волейбол ва тенниси рӯи миз истифода намоянд.
Яке аз хусусиятҳои ҷолиби боғ табиати нотакрор ва ороиши сабзи он мебошад. Дар ин ҷо зиёда аз 5700 дарахту буттаҳои ҳамешасабз ва зиёда аз 40 навъи дарахтон – кипарис, магнолия, туя, самшит ва дигар растаниҳо шинонида шудаанд. Ин дарахтон аз кишварҳои гуногуни Аврупо - Италия, Испания, Фаронса, Олмон ва Нидерланд ворид гардидаанд. Илова бар ин, дар ҳудуди боғ зиёда аз 350 ҳазор гули мавсимӣ шинонида шуда, беш аз 20 ҳазор метри мураббаъ майдон сабзазор гардонида шудааст.
Барои хизматрасонӣ ба меҳмонон дар ҳудуди боғ қаҳвахонаҳо, биноҳои маъмурӣ ва нуқтаҳои хизматрасонӣ фаъолият мекунанд. Равшании шабонаи боғро беш аз 900 чароғ ва маҷмӯи чароғҳои махсус таъмин менамоянд, ки ба он ҳусни тоза мебахшанд.
Дар ду тарафи боғ ҳайкалҳои чеҳраҳои барҷастаи фарҳанги тоҷик - мусаввир ва наққоши маъруф Камолиддин Беҳзод ва ҳунарманди халқии Иттиҳоди Шуравӣ - Малика Собирова гузошта шудаанд, ки бозгӯи эҳтиром ба таърих ва фарҳанги миллӣ мебошанд.
Номгузории боғ ба ифтихори Куруши Кабир низ рамзи амиқи таърихӣ дорад.
Куруши Кабир асосгузори империяи Ҳахоманишиён ва яке аз шахсиятҳои барҷастаи таърихи башар маҳсуб меёбад. Ӯ ҳамчун сиёсатмадори хирадманд, пуштибони адолат ва ҳомии ҳуқуқу озодиҳои инсон шинохта шудааст. Маҳз Куруши Кабир соли 539 пеш аз милод нахустин Эъломияи ҳуқуқи башарро қабул намуда буд, ки то имрӯз аҳамияти бузурги таърихӣ дорад.
Имрӯз Боғи «Куруши Кабир» ба яке аз марказҳои муҳими фарҳангӣ ва фароғатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе табдил ёфта, ҳар рӯз садҳо сокинону меҳмонони пойтахт ташриф меоранд. Ин макони зебо намунаи равшани сиёсати ободониву созандагӣ буда, дар муаррифии симои муосири шаҳри Душанбе ва рушди соҳаи сайёҳӣ нақши муҳим дорад.